Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
сухани латиф, ки нафсро муқнеъ бошад ва дар дил муассир ва ба сиёқи далелҳои Қуръон ва ҳадис наздик ва ба фанни ваъз ва тарсонидан мамзуҷ, ки он судмандтар аз ҷадали мураттаб бошад бар шурути мутакаллимон, ки оммӣ чун онро бишунавад, эътиқод кунад, ки он навъи санъатест, ки мутакаллим биёмӯхтааст, то мардумонро ба тадриҷ сӯи мазҳаби хеш барад ва агар аз ҷавоб оҷиз бошад1, тақдир кунад, ки муҷодилони мазҳаби ӯ дафъи он тавонанд.
Пас ҷадал бар ин ҳар ду қисм ҳаром бошад. Ва ҳамчунин касеро, ки шакке воқеъ шавад, воҷиб бувад изолати он ба лутфу ваъз ва далелҳои қариби мақбул, дур аз тааммуқи калом.
Ва истиқсои ҷадалу калом суд надорад магар дар як мавзеъ ва он чунон бувад, ки оммие фарз кунӣ, ки ба навъи ҷadale, ки шунида бошад, бидъат эътиқод кунад, пас он ҷадалро ба мисли он муқобала бояд кард, то ба эътиқоди ҳаққ бозояд. Ва он дар ҳаққи касе бошад, ки ӯро бо муҷодала чунон унсе зоҳир шуда бошад, ки монеъ ояд аз қаноат кардан ба мавоиз ва тахвифот ва ин кас ба ҳолате расида бошад, ки шифои вай ҷуз аз доруи ҷадал набувад. Пас раво бошад, ки ҷадал бар вай илқо карда ояд.
Ва ин сухан ки гуфтем, дар шаҳрҳое бошад, ки бидъат кам бувад ва ихтилофи мазоҳиб набошад. Пас дар он бар эътиқоде, ки ёд кардаем, иқтисор бояд намуд ва тааррузи адилла накард ва шубҳатро чашм дошт, то агар воқеъ шавад ҷавоби он ба қадри хоҷат гуфта ояд.
Ва агар бидъат шоеъ бошад ва тарси он бувад, ки кӯдакон бад-он фирефта шаванд, боке набошад ки эшонро он қадар биёмӯзанд, ки дар «Рисолати кудсӣ»2 дарҷ кардаем, то таъсири муҷодалоти бидъат агар бад-эшон расад, ба сабаби он дафъ шавад. Ва ин миқдоре мухтасар аст. Ва барои
1 Оммӣ.
2 ар-Рисолату-л-кудсия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор