Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ширхорро, бал бисёр кас бувад, ки надонистани баъзе корҳо вайро суд дорад.
Ва дар ҳикоят аст, ки марде ҳоли нозояндагии зани худро бо табибе такрир кард. Табиб набзи зан бигирифту гуфт: «Ба доруи вилодат машғул шудан ваҷҳ надорад, чи набз далел аст, ки дар муддати чиҳил рӯз вафот кунад». Пас, бағоят битарсид ва зиндагонии вай мунағгас1 шуд ва молҳо тафриқа кард ва васият ба ҷой овард ва таому шароб бигзошт, то муддати чиҳил рӯз сипарӣ шуд ва ҳаёт боқӣ буд. Шӯй он ҳол табибро боз намуд ва гуфт: «Сухани туро сидке зоҳир нашуд». Табиб гуфт: «Донистаам, акнун мубошарат кун то сабаби вилодат шавад». Шӯй гуфт: «Ин чӣ гуна бошад?» Табиб гуфт: «Ман вайро чунон фарбеҳ дидам, ки пиҳ2 дари маҷории раҳми вай бибандад ва расидани маниро ба маҳал монеъ шавад ва донистам, ки дар низории3 вай ҳеҷ чиз он таъсир накунад, ки тарси марг. Пас вайро битарсонидам, то низор гашт ва монеи вилодат зоил шуд».
Ва ин ҳикоят туро аз хатари баъзе илмҳо биёғонад ва маънии қавли Пайғомбар — алайҳи-с-салом — «Наъузу би-л-Лоҳ мин илмин ло янфаъ» мафҳуми ту гардонад. Пас, аз ин ибрат гир ва бозҷуст макун аз илмҳое, ки шаръ онро биnakӯҳида аст. Ва иқтидои саҳобаро лозим гир ва бар мутобаати суннат иқтисор намой, ки саломат дар мутобаат аст ва хатар дар баҳсу истиқлол. Ва бисёр шодӣ макун ба раъй ва ба маъқул ва далелу бурҳон ва заъми худ бад-он чи гӯйӣ, ки «ман аз чизҳо бад-он баҳс мекунам, то моҳияти он бидонам ва дар илм чӣ зиён бошад», ки он чи ба ту боз гардад, аз зиёни он бештар бувад. Ва бисёр чиз бошад, ки бар он мутталеъ шавӣ ва он иттилоъ туро чунон зиён до-
1 Мунағгас – тира, ногувор.
2 Пиҳ – равған, чарбӣ.
3 Низор – лоғарӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо