Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

пас аз он ба Офаридгори — таъоло ва тақаддас — даст ва қудрату иродат; чӣ бештар назари халқ бар асбоби наздики суфло мақсур аст ва аз тараққӣ ба мусаббибу-л-асбоб мунқатеъ. Ва ин яке аз вуҷуҳи наҳй аст аз нуҷум.

Ва дуввуми ӯ он аст, ки аҳкоми нуҷум таҳмини маҳз аст дар ҳаққи оҳоди ашхос, на ба яқин тавон донист ва на ба гумон. Пас ҳукм бад-ӯ ҳукми ба ҷаҳл аст, на ба илм. Пас, накӯҳиши ӯ бар ин ҷумла аз он рӯй аст, ки ҷаҳл аст, на аз он рӯй ки илм аст. Ва он мӯъҷизаи Идрис — алайҳи-с-салом — буд, чунон ки дар ҳикоят аст, [52] ва он илм мундарис шудааст ва маҳв гашта. Ва он чӣ аз исобати мунаҷҷим ба нодир мебошад, иттифоқест бад-он чӣ бар баъзе [асбоб] мутталеъ мешавад. Ва мусаббаб дар ақиби он ҳосил намешавад, магар пас аз бисёр шарт, ки иттилоъ бар он дар қудрати одамӣ нест. Пас, агар иттифоқ афтад, ки боқии асбоб муқаддари Ҳаққ таъоло бошад, исобат ҳосил мешавад ва илло хато бувад. Ва он чунон бошад, ки одамие мебинад, ки абр аз кӯҳҳо мехезад ва фароҳам меояд, батахмин гӯяд, ки борон хоҳад борид ва раво, ки рӯз гарм шавад ва абр бипароканад ва раво, ки ба хилофи он бошад. Ва муҷарради абр бориданро басанда нест ва боқӣ асбоб маълум на. Ва таҳмини киштибон дар он чӣ киштӣ ба саломат равад ҳамчунин аст, чӣ эътимод кунад бар он чӣ илф гирифтааст аз одате, ки дар бодҳост ва он бодҳоро сабабҳои пӯшидааст, ки ӯ бар он мутталеъ нест. Пас гоҳе мусиб бошад ва гоҳе мухтӣ. Ва барои ин иллат касеро, ки заифназар набошад, бал қавиназар бувад ҳам, аз нуҷум манъ кунанд.

Ва севвуми ӯ он аст, ки дар ӯ фоида нест. Пас, аввал аҳволи ӯ он аст, ки хавзест дар фузул, ки суде надорад ва зоеъ кардани умр, ки одамиро азизтарин моя аст, бефоида [ва он] ғояти зиёнкорӣ бувад. Чӣ Пайғамбар — алайҳи-с-салом

пешина
аз 567
навбатӣ