Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва аммо он чи дар фазоил маъдуд аст², на дар фарӯиз, тааммуқ ва тавассуъ аст дар дақоиқи ҳисоб ва ҳакоиқи тибб ва ғайри он аз ҷумлаи он чи аз он бениёз тавон буд, валекин ба сабаби он мазиди қуввате ҳосил шавад дар он миқдор, ки бад-он ҳоҷат бувад.
Ва аммо мазмум илми сеҳру тилисмот ва шӯъбадаву талбисот аст.
Ва аммо мубоҳ илми ашъорӣ аст, ки дар он суҳф набошад ва илми таворих ва он чи дар силки он мунтазам шавад.
Ва аммо илмҳои шаръӣ ва мақсуд аз ин баён он аст [ки] ҷумлаи он маҳмуд аст, валекин мултабис мешавад бад-он илмҳое, ки ҷамоате онро шаръӣ пиндоранд ва мазмум аст. Пас, бад-ин эътибори он ҳам ду қисм бошад: маҳмуд ва мазмум.
Аммо маҳмуд чаҳор қисм аст: усул, фурӯъ, муқаддамот ва мутаммимот.
Қисми аввал усул аст ва он чаҳор аст: Китоби Худой — азза ва ҷалла ва суннати Пайғамбари вай ва иҷмои уммат ва осори саҳоба. Ва иҷмоъ аз он рӯй асл аст, ки бар суннат далолат кунад, пас ӯ дар мартабаи дуввум асл тавонад буд. Ва осор ҳамчунин, чи саҳоба мушоҳиди ваҳй ва танзил будаанд ва ба қароини аҳволи чизҳо дарёфтанд, ки дигарон онро муояна накардаанд ва раво, ки иборот муҳит нашавад ба маъниҳое, ки онро ба қароин дар тавон ёфт ва аз ин ваҷҳ уламо гуфтаанд, ки бад-эшон иқтидо бояд кард ва ба осори эшон тамасрук намуд. Ва он ба шарти махсус бар ваҷҳи махсус аст [30] ба наздики он кас, ки мазҳаби вай иқтидост бад-эшон. Ва баёни муносиби ин фанн нест.
¹ Таотӣ - фаро гирифтан, ба даст гирифтан, ба якдигар супурдан.
² Аз фазоил шумурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё