Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

муаллим дар дилҳои мардумон аст ва афзали мавҷудоти заминӣ мардум аст ва ашрафи аҷзои ӯ дил? Ва муаллим машғул аст бад-он чӣ дилҳо [ро] мукаммалу муҷалло ва мутаҳҳару мусаффо гардонад ва ба дараҷаи қурби ҳазрати Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - расонад.

Пас, таълими илм аз як ваҷҳ, бандагии Ҳаққ - субҳонаҳу ва таъоло - аст ва аз ваҷҳи дигар [хилофати] вай. Ва ин хилофат бузургтарин хилофатест, чӣ Ҳаққ - субҳонаҳу ва таъоло ва тақаддас - илмро, ки аҳасси сифоти вай аст, бар дили олим кушода гардонидааст. Пас ӯ чун хозинест [25] мар нафистарин хизонаро ва маъазҳолик иҷозат ёфтааст, ки аз он хизона базл кунад ва мӯҳтоҷонро бад-он мустазҳар гардонад. Пас, кадом мартаба аз ин рафеътар ва кадом манзалат аз ин олитар, ки бандае восита шавад миёни Холиқ ва халқ, то эшонро ба Холиқ наздик мегардонад ва ба биҳишти ҷовид мерасонад?

пешина
аз 567
навбатӣ