Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ли-л-ҷаннати; ярфаъу-л-Лоҳу биҳи аквоман фаяҷъaluҳум фи-л-хайри қодатан худотан юктадо биҳим адиллатун фи-л-хайри туктассу осоруҳум [21] ва турмаку афъолуҳум; ва таргабу-л-малоикату фи ҳуллатиҳим ва биаҷниҳатиҳо тамсаҳуҳум; ва куллу ратбин ва ёбисин лаҳум мустағфирун, ҳатто ҳитону-л-баҳри ва ҳавоммуҳу ва сибоъу-л-барри ва анъомуҳу ва-с-самоу ва нучумуҳу, лианна-л-илма ҳаёту-л-қулуби мина-л-амо; ва нуру-л-абсори мина-з-зулами; ва қуввату-л-абдони мина-з-заъфи; яблугу биҳи-л-абду манозила-л-аброри ва-д-дараҷоти-л-уло; ва-т-тафаккуру фиҳи яҷдилу би-с-сиёми ва мудорасатуҳу би-л-қиёми; биҳи ютоъу-л-Лоҳу ва биҳи юьбаду ва биҳи ювахҳаду ва биҳи ютаварраъу ва биҳи тувсалу-л-арҳому [ва биҳи юьрафу-л-ҳалолу ва-л-ҳарому] ва хува имомун ва-л-амалу тобиуҳу, юлҳамуҳу-с-суьадоу ва юрҳамуҳу-л-ашқиёу». Ай, илм омӯзед, ки омӯхтани илм барои Худой ҳасана аст ва талаби он ибодат ва хондани он тасбеҳ ва баҳси он муҷоҳада ва таълими ӯ мар касеро, ки надонад садақа ва додани ӯ мар касеро, ки аҳли ӯ бошад қурбат аст; ва ӯ дар танҳоӣ мӯнис аст ва дар ғурбат ёр ва дар хилват муҳаддис ва дар ғуму шодӣ роҳбар ва наздики дӯстон ороиш ва наздики [ғарибон] хешованд [ва бар душманон силоҳ] ва нишони роҳи биҳишт аст; Ҳаққ таъоло қавмеро бад-он рифъат бахшад ва эшонро лашкаркаш ва роҳнамой гардонад, то бад-эшон иқтидо кунанд ва дар хайр осори эшонро мутобаат намоянд ва дар афъоли эшон нигаранд; малоика дар дӯстии эшон рағбат намоянд ва ба парҳои хеш эшонро бибсоянд ва тару хушки офариниш барои эшон омурзиш хоҳанд, то моҳиён ва хазандагони дарё ва дадгон ва чаҳорпоёни саҳро ва осмону ситорагони он. Чи илм ҳаёти дилхост аз марги нобиной ва нури басарҳо дар торикӣ ва қуввати танҳо аз сустӣ; ва банда ба воситаи он ба манозили аброр ва дараҷаҳои баланд расад; ва андешаи он мусовии сиёми рӯз аст ва хондани

пешина
аз 567
навбатӣ