Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
[ФАЗИЛАТИ ТАЪЛИМ]
Оёт. Қавлуҳу таъоло: «Ва лиюнзиру қавмаҳум изоб раҷаъу илайҳим [лаъаллаҳум яҳзарун]»1. Мурод аз ин, таълим ва иршод аст.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ва из ахаза-л-Лоҳу мисоқа-л-лазина уту-л-китоба латубайинуннаҳу ли-н-носи ва ло тактумунаҳу»2. Дар ин оёт иҷоби таълим аст.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ва инна фариқан минҳум лайактумуна-л-ҳаққа ва ҳум яъламун»3. Дар ин оят таҳрими пӯшида доштани илм аст. Чунон ки дар таҳрими катми гувоҳе фармудааст: «Ва ман яктумҳу фаиннаҳу осимун қалбуҳу»4. Ва Пайғомбар – алайҳи-с-салом – гуфт: «Мо ата-л-Лоҳу олиман илман илло ахаза алайҳи мина-л-мисоқи мо ахаза мина-н-набийин ан юбайинаҳу ва ло яктумаҳу». Ай, Ҳақ таъоло ҳеҷ олимеро илм надод, ки на бо вай ҳамон мисок фармуд, ки бо анбиё, то онро баён кунад ва пӯшида надорад.
Ва қавлуҳу таъоло: «Ва ман аҳсану қавлан мимман даъо ила-л-Лоҳи ва амила солиҳан»5.
Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин оят ишъорест, ки муаллим ва муфид6 бояд, ки амали вай солеҳ бувад ва илло таъсир [17] накунад.
Қавлуҳу таъоло: «Удъу ило сабили раббика би-л-ҳикмати ва-л-мавъизати-л-ҳасанати ва ҷодилҳум би-л-лати ҳия аҳсан»7.
1 Тавба, 9:122.
2 Оли Имрон, 3:187.
3 Бақара, 2:146.
4 Бақара, 2:283.
5 Фуссилат, 41:33.
6 Муфид – ифодакунандаи илм.
7 Наҳл, 16:125.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё