Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва дар «Рубъи одот» асрори муомалоти халқ ва агвори он ва дақоиқи сунан ва хафоёи вараъ, ки дар маҷории он бувад ва мутадаййин аз он мустағнӣ небошад, ёд кунам.

Ва дар «Рубъи муҳликот» ҳамаи хӯйҳои накӯҳида – ки Қуръони карим ба изолати он ворид аст ва аз он тазкияти нафс ва татҳири дил фармудааст – ва ҳадду ҳақиқати ҳар хӯйе, пас сабаб ва иллат, ки аз он мутаваллид шавад, пас офот, ки бар он мураттаб гардад, пас аломот, ки онро бад-он тавон шинохт, пас тариқи муолаҷат, ки бад-он аз он халос битавон ёфт, мақрун ба шавоҳиди оёт ва ахбору осор درج гардонам.

Ва дар «Рубъи мунҷиёт» ҷумла хӯйҳои сутуда ва хислатҳои писандида, ки муқаррабон ва сиддиқонро бошад ва банда бад-он дар ҳазрати Борӣ – субҳонаҳу ва таъоло – дараҷаи қурб ёбад ва ҳадду ҳақиқати ҳар як аз он ва сабабе, ки ҷолиби он бошад ва самарае, ки аз он ҳосил ояд ва аламоте, ки бад-он дониста шавад ва фазилате, ки дар вай бад-он рағбат бувад – муаккад ба шавоҳиди шаръ ва ақл – эрод кунам.

Ва дар баъзе аз ин маонӣ кутуб сохтаанд, валекин ин китоб аз онҳо ба панҷ маъни мутамайиз аст. Яке – ҳалли уқад ва баёни муҷмалот ва дуввум – тартиби мушавашот ва назми мутафарриқот ва севвум – иҷози мутаваллот ва забти муқаррарот ва чаҳорум – ҳазфи муқаррарот [ва исботи муҳассанот] ва панҷум – таҳқиқи маъонии ғомиз, ки идроки он бар аксари афҳом мутааззир аст ва дар кутуб мазкур нест. Чи мусаннифон агарчи бар як манҳаҷ таворуд намудаанд ва солики як тариқ буда, аммо мустанкар нест, ки ҳар яке аз соликон бар дақиқае мутанаббеҳ шавад, ки ба вай махсус бошад ва дигар рафиқони вай аз он ғофил ва ё аз идроки он ғофил набошанд, лекин монеъе бошад эшонро аз ирод ва сорифне¹ бувад аз кашфи он маъни ва парда аз рӯи он бардоштан. Ва ин панҷ маънии мазкур хавосси ин китоб аст.

Бо он чи² ин китоб ҷомеи улуми муомалот аст, маро бар он чи ин китобро бар чаҳор рубъ ниҳодам ду боис бувад. Боиси аввал [ё] аслӣ ва он он аст, ки ин тартиб ва тақсими чаҳор қисм дар таҳқиқу тафҳими ин илм, мисли зарурӣ аст, зеро ки илме, ки барои охират ба кор шавад, ду қисм аст: яке илми муомала ва дуввум илми мукошафа. Ва ба илми мукошафа он мехоҳам, ки матлуб аз он кашфи маълум бошад фаҳасб³ ва илме бар он мураттаб нашавад. Ва ба илми муомала он⁴ ки дар он бо кашфи маълум амал бояд бар муқтазои он.

Ва мақсуди [5] ин китоб илми муомала аст, на илми мукошафа, ки дар овардани илми мукошафа дар кутуб рухсат нест, агарчи аъло мақосиди толибон ва ашрафи матомеҳи назари сиддиқон он аст ва илми муомала роҳи он илм аст. Валекин анбиё - алайҳиму-с-салоту ва-с-салом - бо халқ, ҷуз дар баёни роҳ ва намудани он бад-эшон, сухан нагуфтаанд ва дар илми мукошафа хавзе нафармудаанд, магар ба рамзу ишорат, бар сабили тамсилу иҷмол, бад-он чи донистаанд, ки афҳоми халқ аз он қосир аст. Ва чун уламо варасаи анбиёанд, эшонро аз манҷаҷи мутобаат ва маслаки иқтидо удул нарасад.

Ва илми муомала ду қисм аст: яке илми зоҳир ва он илми аъмоли ҷавореҳ аст ва дуввум илми ботин ва он илми аъмоли дилҳост. Ва он чи бар ҷавореҳ равад ё ибодат бувад ё одат ва он чи ба дилҳо - ки ба ҳукми нодидани хавосс онро аз олами малакут аст — дарояд ё сутуда бувад ё накӯҳида.

¹ Сориф - мунсарифкунанда
² Бо он чи, бо он ки.
³ Фаҳасб - ва бас.
⁴ Он- он мехоҳам, он ирода мекунам.

пешина
аз 567
навбатӣ