Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Бар муқтазои ин муқаддима, дар будан ба Лоҳур2 ғибтате намонад. Ва ин заиф бад-ин ҳазрати муборака пайваст ва аз Маҷлиси олии соҳибӣ ҳукме ҷазм ва ишорати ҳатм ба вай расид, ки «Эҳё»-ро тарҷума бояд кард, чунон ки такрир афтодааст. Ва ин ҳадис аз аҷоиби аҳвол ва наводири иттифоқот аст ва бад-ин маъни қуввати ин заиф дар изҳори ҳаққ ва баёни ҳақиқат биафзуд ва мутаяққин шуд, ки Борӣ таъолоро дар ибрози ин маъонӣ сиррест ва ҳукми азалӣ ба изҳори он дар ин замон собиқ шудааст ва ваъдаи «Ло язолу тоифатун мин уммати ала-л-ҳаққи зоҳирина ло язурруҳум хилофу ман холафаҳум» муҳаққақ аст ва ҳукми «Юридуна лиютфиу нура-л-Лоҳи биафвоҳиҳим ва-л-Лоҳу мутимму нуриҳи»3 зоҳир ва дар ҳамаи аҳвол эътизоду эътисом бад-ин оят аст: «Ва-л-Лоҳу ғолибун ало амриҳи валокинна аксара-н-носи ло яъламун»4.
Фасли чаҳорум
ДАР ЗИКРИ ОН ҚАВОИД, КИ ДАР ТАРҶУМАИ ИН КИТОБ РИОЯТ ЁФТААСТ
Қоидаи аввал он ки оёти Қуръон ва ахбори набавӣ ва баъзе аз осори саҳоба биайниҳо оварда шудааст, то ҷамоате аз туллоби илм, ки ба ҳифзи он мустақил бошанд ва дар ихтиҷоҷ ва истидлол бад-он тамассук тавонанд кард, мақсуди эшон ҳам аз ин тарҷума ҳосил [14] шавад ва бо вуҷуди он ба асли «Эҳё» эҳтиёҷ набошад. Пас шарҳу тафсир ва баёну тақрири он ба порсӣ эрод афтод. Чӣ мақсуди ин тарҷума он аст, ки ҷамоате, ки фаҳми эшон ба арабият муҳит набошад, матлуби эшон ба хусул расад.
1 Анъом, 6:123 ва 124.
2 Лоҳур (шаҳре дар Покистон)
3 Сафф, 61:8.
4 Юсуф, 12:21.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё