Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

БИСМИ-Л-ЛОҲИ-Р-РАҲМОНИ-Р-РАҲИМ

Ҳамде, ки ғоёти авҳом ба мабодии он нарасад ва саноеъ, ки ниҳоёти афҳом аз адои он қосир монад, ҳазрати Илоҳиро сазад, ки ба маҳзи раҳмат адами маҳзро ташрифи вуҷуд пӯшонид ва ба тасрифи қудрат нафии сирфро хилъати исбот бахшид; эҷоди мубдаотро далели вуҷуби худ гардонид ва ахдоси мукавванотро бурҳони қидами худ сохт; ва аввали мубдаотро мартабаи аъло каромат кард: «мо халақту халқан акрама алайя минқа»
ва охири мукавванотро дар дараҷаи афзал арзонӣ дошт:
«ва фаззалноҳум ало касирин мимман халқно тафзило»¹, то охир ба аввал пайваст ва ниҳоят ба бидоят анҷомид ва доираи мавҷудот ба итмом расид ва силсилаи мумкинот интизом пазируфт ва мабдаъу маъод муҳаққақ шуд, «ва минҳу-л-мабдаъу ва илайҳи-л-масир» зоҳир гашт.

Ҳалқаи аввал аз силсилаи ақли кулл, «аввалу мо халақа-л-Лоҳу-л-ақлу»; ва ҳалқаи [1] охир, ки ба аввал иттисол ёфт ва иттиҳод пазируфт, ҷони муқаддаси хотами анбиё Муҳаммади Мустафо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, «наҳну-л-охируна-с-собиқун». Илвийи аввал, ки ашрафи рӯҳоният аст, масдари сифлийи охир «аввалу мо халақа-л-Лоҳу нурӣ» ва сифлийи охир, ки афзали ҷисмоният аст, мазҳари илвийи аввал «кунту набиийан ва Одаму байна-л-мои ва-т-тин».

Ва чун аввалу охир муттаҳид шуд ва охир ба аввал мустанад гашт ва хок бо пок омехт ва сиришта дар фаришта овехт, олами хок ҳам аз он ишроқ баҳра гирифт ва авлоди одамро, ки зубдаи махлуқот ва хулосаи мукавванот буданд, насиби комилтар ва ҳаззе вофиртар рӯзӣ шуд.

пешина
аз 567
навбатӣ