Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Масалан, дар бахши поёнии муқаддимаи муфассале, ки бар ҷилди аввали чопи нахуст навиштам ва дар ин чоп низ бар ҷои худ боқӣ аст – ғурури ҷавонӣ ба суханам ранги ҳамосаӣ бахшид ва забони қаламнигоргари ин ҷумлалот шуд: «Ва ман зодаи Хуросонам ва парвардаи ин обу хок...».
Нигориши муқаддимаи ҷилди дуввумро ҳангоме оғоз кардам, ки душвории сафари илмии дуру дарозеро пушти сар ниҳода будам ва миқдоре маохизи дилхоҳ ҳамроҳи худ ба армуғон оварда будам, то пайкари орзуи ширини худро бо ин хомаи нотавон биороям. Аммо дере напоид, ки он орзуи ширин ҷои худро ба ҳақиқати талх супурд, зеро тамошогари марги тадриҷии 23 сола фарзанд шудам. Саранҷом, он мотамро ин қалам дар оғози ҷилди дуввум чунин тарсим кард: «Ба ёди фарзанди номуродам, Алӣ, ки нобаҳангом аз хокиён бурид ва ба афлокиён пайваст...»
Севвумин муқаддима, ки дар оғози «Рубъи муҳлакот» ҷой гирифта, бад-ин сурат оғоз мешавад: «Соли дигар дар фарозу нишеби зиндагӣ сипарӣ шуд, соле, ки барои ман пурбор буду дардолуд. Аз он ҷиҳат пурбор буд, ки тавонистам то ҳадде дар ба рӯи хеш бибандам ва бештар лаҳзаҳои бедориро сарфи хондану навиштан кунам; бад-он сабаб дардолуд гардид, ки чанде дасти тақдир кушодарӯии ҳамешагиамро зери ғубори мотами бузург пинҳон кард...»
Муқаддимаҳои чаҳоруму панҷуму шашум, ки барои ду муҷаллади «Рубъи мунҷиёт» ва нахустин муҷаллади «Рубъи одот» навишта шуд, ҳамзамон гардид бо нахустин солҳои пирӯзии инқилоб. Ин се муқаддима, илова бар пурбор будан аз лиҳози пажӯҳишӣ, то ҳадде аз гуфтор ва кирдори мардуми пурҷӯшу хурӯши асри инқилоб низ асарпазир гардид.
Ҳафтумин муқаддимаро дар зимистони 1359 ҳ.ш. навиштам, ки дар оғози нимаи дуввуми «Рубъи одот» ҷой гирифт. Тавзеҳи он ки дар чопи нахусти тарҷумаи «Эҳё» ба сабаби омода набудани нусхаи хаттии Мадрасаи «Файзия» ногузир шудам, ки рубъи аввал ва севвуму чаҳорумро пеш аз рубъи дуввум ба чопхона бисупорам, дар натиҷа навбати «Рубъи одот» ба охир афтод. Хушбахтона, дар чопи ҳозир чун монеъе дар пеш набуд, тартиби чоп ва шуморагузории мустақили сафаҳоти ҳар рубъ риоят шуд. Яъне, ҳар рубъ дорои шумораи мусалсал аст ҳамроҳ бо феҳристи умумии эъломи махсус ба ҳамон рубъ. Дар зимн, барои он ки муқаддимаи ин тарҷума дар ҳадди эътидол бошад ва малолангез нашавад, нахустин муқаддимаи чопи аввалро пас аз таҷдиди назари асосӣ бар ҷои худ гузоштам ва бо ҳазфи шаш муқаддимаи дигар мувофақат кардам. Бад-он умед, ки фурсати муносиб пеш ояд ва барои тамоми муҷалладҳои панҷгонаи тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин» зайле муфид фароҳам гардад, зайле, ки дарбаргирандаи шаш муқаддимаи ҳазфшуда буда бошад, ҳамроҳ бо такмилае, ки аҳодиси «Эҳё» ва феҳристи луғот ва таркиботи онро низ шомил шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё