Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
меоранд: «Дар сурати мавҷуд будани ин асар ба ҳеҷ як китобҳои дигари исломӣ ниёз нест». Хоҷӣ Халифа бошад дар китоби «Кашфу-з-зунун» таъкид месозад, ки «агар ҳамаи китобҳои исломӣ аз миён бираванд ва танҳо «Эҳёу улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ боқӣ бимонад, мусумононро кифоят хоҳад кард»1.
Воқеан ҳам ин асар аз шоҳкорҳои бузурги Ғаззолӣ аст, ки дар ҷаҳони ислом бемислу монанд буда, барои рушду инкишофи фарҳанги қуруни авсати мусумонон таъсири амиқ гузоштааст ва ба қавли донишманди эронӣ Фурӯзонфар таълифи мазкур дорои мавқеи бузурге буд, ки тарз, шева, афкор ва иттилооти вай ба мутафаккирони баъдӣ, ба хусус Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ нақшу асари бузург дошт.
Ба гуфтаҳои Фурӯзонфар метавон изофа кард, ки таъсири амиқи ин китоб на танҳо ба «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, балки ба «Асфори арбаъа»-и Садруддини Шерозӣ, «ал-Муҳаҷҷату-л-байзо»-и Муҳсин Файзи Кошонӣ, «Девон»-и Хоҷа Шамсуддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ ва садҳо тан аз мутафаккирон ва шоирони дигар гузошта шудааст.
«Эҳёу улуми-д-дин»-и Ғаззолӣ яке аз бузургтарин ёдгориҳои мутафаккир дар сафари Шом ва Байтулмуқаддас буда, ба қавли М.Буиж дар фосилаи солҳои 1096-1103 (489-495х.) таълиф шудааст. Худи Ғаззолӣ ҳадафи аслиашро аз таълифи «Эҳёу улуми-д-дин» дар ахлоқи динӣ ва чигунагии рафтории одамӣ дар ин дунё талаққӣ менамояд. Ин асар ба гуфтаи Ғаззолӣ, китобе нест, ки «дар илоҳиёт ва баҳс дар ашколи вусул ба маърифати зоти Борӣ» написа шуда бошад, балки «Эҳёу улуми-д-дин» қабл аз ҳама «аз ҳар чиз ба баҳс перомуни вазифаҳои одамӣ дар баробари Худованд» буда, сипас

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё