Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки ба соли 620 ҳиҷрӣ – чунон ки пеш аз ин гуфтам – дар Деҳлӣ ба фармони Шамсуддин Илтутмиш, подшоҳи форсидони Ҳинд ва ҳимояти вазири донишманди вай Абӯ-саъд Муҳаммади Ҷунайдӣ, кори худро бо кифоят оғоз карда ва бо пирӯзии шоистаи ситоиш ба анҷом расонидааст. Он чи дар поёни нусхаи Қоҳира пас аз хатми «Рубъи мунҷиёт» навишта шуда ва метавонад муайиди соли тарҷума ва ному нишони мутарҷим буда бошад, чунин аст:
Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ – мутарҷими ин китоб аст, ҳаққақа-л-Лоҳу таъоло билхайри аъмолаҳу – мегӯяд, ки сипоси беҳад ва ситоиши беҳад Борӣ – субҳонаҳу ва таъолоро, ки маводи рушд ва тавфиқ арзонӣ дошт ва имдоди таъйид ва тасдиди каромат гардонид, то ин заиф тарҷумаи ин китобро, ки кошифи асрори тариқат аст ва мазҳари анвори ҳақиқат, ба итмом расонид. Ҳакоиқро ба мадади латоифи кудсӣ аз пардаи арабият берун овард ва бар афҳоми хавосс ва авомм ҷилва дод ва дар ҳалли ишколот ва изолати шӯбах, ки дар маъонӣ ва алфози он буд, ғояти маҷҳуд ва ниҳояти вусъи худ масруф дошт. Ва аз ҳазрати Зулҷалол ба тазаррӯъ ва ибтиҳол мехоҳад, ки маёмин ва баракоти онро мӯҷиби суботи салтанат ва муқтазии муаззиди мамлакати Султону-с-салотини ала-д-дини ва-д-дунё гардонад ва масуботи онро ба айёми давлати соҳиби муай-ад-ул-мулки расонад, (то ҳамагон) аз фавоиди он насиб гиранд ва дар дуъои давлати подшоҳ ин заъифро ёрӣ диҳанд, ва аз ёрии Ҳақ – субҳонаҳу ва таъоло – иртифоъи аъломи айёми эҳсони ӯ дар хоҳанд ва онро ба дуъои соҳиби муайјад-ул-мулки мусанно гардонанд.
Кӯтоҳи сухан он ки хушбахтона, пас аз талошҳои пайгир ва таҳаммули ранҷи сафарҳои дуру дароз то ин таърих ба tasвири 14 нусхаи хаттӣ аз чаҳор рубъ -

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё