Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
аврупогӣ ҷорӣ шуда истода буд. Дар "Таҳзиб-ус-сибён"-и С.Айнӣ дохил карда шудани боби моҳҳои русӣ далели ҳамин фикр аст.
Мирзосироҷи Ҳаким мувофиқи услуби суханронии пешина ҳамин гуна калимаҳои ба тарзи тахмин ифодакунандаи вақтро истеъмол намуда, баробари ин вақтмуайянкунии соатиро низ ба кор бурдааст: Қариб ба ду соат аз ҳар дар сухан мерондем (с. 57).
Дар ин боғи ҷумлатофати зебо, ки заминаш анбарсиришту ҳавояш чун фасли ӯрдибиҳишт буд, то чор соат аз шаб рафта сайру тамошо мекардам (с. 227).
- Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" гурӯҳи дигари калима ва ибораҳои хоси замон истифода шудаанд, ки онҳо номҳои предметҳои гуногун, асбобу анҷомҳои ҳамон давра, олот, яроқу аслиҳа, расму оин ва ғайраро ифода мекунанд. Тасвири муҳит ва шароити ибтидои асри ХХ дар асар истифода шудани маҳз ҳамин гуна калимаҳоро тақозо мекард. Ба ин гурӯҳ калимаҳои зеринро дохил кардан мумкин аст: завлона — занҷирест, ки ба гардан зананд ва баъзан ба пой банданд. Дар аморати Бухоро ин асбобро ба пой ва гардани гунаҳгорону маҳбусон мезаданд ва он аломати маҳбусӣ буд: Ба поям завлонаи оҳан ҳам буд (с. 156).
Ӯлчаки оҳанӣ — як намуди асбоби ҷазодиҳии оҳанини шаклаш мудаввар мебошад, ки онро дар хонигарии Бухоро ба дасти гунаҳгори зиндонӣ меандохтанд: Фармуд, ӯлчаки оҳанро аз дастам ва завлонаро аз поям хориҷ бикунанд (с. 162).
Калимаи шамшер дар "Риёс-ул-луғот" ин калима ба тарзи омиёна чунин шарҳ дода шудааст: шамшер — "мураккаб аст аз шам, ки ба маънии нохун бошад ва ба маънии думи шер низ омада чун теғ ба хуни шер аст"22.
Пеш аз революция ин намуди аслиҳа хеле бисёр буд: шамшер аз аслиҳаи фулодии Исфаҳони машҳури офоқ аст (с. 259).
Туфанги чақмоқӣ — олотест, ки аз оҳан сохта мешавад, борутро дар ин милтиқ бо чақмоқ дармегиронданд: Баъзе аз онҳо шамшер ва туфанги чақмоқӣ доштанд (с. 208).
Ба ҳамин тариқ, Мирзосироҷи Ҳаким ба воситаи истифода ва истеъмоли калимаҳои таърихӣю архаистӣ шароити таърихӣ, тартиб ва расуму оинҳои аморати Бухоро ва маҳалқатҳои Эрону Афғонистони ибтидои асри XX-ро реалӣ тасвир карда, ба ин восита хонандагонро бо ҳодиса ва воқеаҳои гуногуни он давр шинос мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё