Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
марка — воҳиди пулии дар Германия ва дар баъзе мамлакатҳои дигар: Қиматашро ҳам ба девори рӯи карта навишта буданд, ки чиҳил марка дар шабонарӯзӣ буд (с.71).
Калимаи лира — воҳиди пулии дар Италия ва дар баъзе мамлакатҳои дигар: Қироии баъзе аз ҳутелҳои (ҳотелҳои) он, ҳар нумра дар як шабонарӯзӣ то як лираи усмонӣ аст (с.37).
Франк — воҳиди пулии дар Франция: Панҷсад ҳазор франк иҷораи солиёнаи он мешавад (с.79).
Калимаи манот аз калимаи русии «монета» гирифта шудааст, ки маънояш сӯм мебошад: Дахли ҳукумати аморати Ҳайдаробод солиёнаи машҳад миллиюн манот аст (с.273).
Дар асар истифода шудани ин гурӯҳи калимаҳо, ки ба ифодаи воҳидҳои ченаки пулии баъзе давлатҳои шарқ тааллуқ доштанд, барои тасвири объективонаи шароити муайяни таърихӣ хизмат кардаанд. Хонанда ба воситаи ин калимаҳо бо воҳидҳои пулии мамлакатҳои шарқи ҳамон замон шинос мешавад, вазъи иқтисодӣ ва молиёти он давраро дарк менамояд.
- Мирзосироҷи Ҳаким дар асараш барои ифодаи вақт, номи сол ва моҳ, калимаю ибораҳои барои он давр характернокро истифода бурдааст. Ба ин гурӯҳи калимаҳои таърихӣ номҳои кӯҳнаи солшумории пешазреволюционии тоҷикон, ки ин тарзи солшуморӣ ҳоло ҳам дар баъзе шеваҳо истифода бурда мешавад (хусусан дар забони куҳансолон шунида мешавад), дохил мешаванд: наҳанг, мор, мурғ, гов ва ғайра. Ба ин гурӯҳ инчунин калима ва ибораҳои соли шамсӣ, моҳи раҷаб, ҳамал, рамазон ва монандӣ инҳоро дохил кардан мумкин аст.
Пеш аз революция муайян намудани вақт на ҳамеша аз рӯи соат, балки аз рӯи номбар кардани вақти баҷо овардани расмиятҳои динӣ: субҳ, пешин, аср, шом, хуфтан, вақти зӯҳр, пеш, зӯҳр ва ғайра муайян карда мешуд.
Барои ифодаи вақти муайяни шабонарӯз ҳанчунин истилоҳ калимаҳое ба кор бурда мешуданд, вақтро ба тарзи тахмин ифода мекарданд ва истеъмоли ин гуна калимаҳо дар забон собиқаи дерин дошт. Масалан, субҳ дохили "Варшав" шудем (с.106). Як шаб ба роҳ буда субҳ вақти чошт дохили шаҳри Порс омадем (с.78).
Дар ибтидои асри XX дар муомилоти расмии савдо, дар муносибати пулии кор фармудани солшумории мелодӣ ва номгӯи моҳҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё