Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
бамаврид истифода карда тавонистааст.
Аксари ин калимаҳо ба шеваи Бухоро хос буда, дар забони зинда бештар кор фармуда шудаанд. Гулсум Ғалимова барҳақ қайд кардааст, ки насри Савдо низ монандӣ назми ӯ бо забони содда навишта шуда, ифодаҳои оддии гуфтугӯии маҳаллӣ бисёранд“18. Доир ба забон ва тарзи баёни Савдо мухтасар чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст:
-
Савдо ба Аҳмади Дониш пайравӣ карда, то дараҷае ба содданависӣ майл кардааст;
-
дар таркиби луғавии забони осори ӯ калима ва ибораҳои оммафаҳми забони тоҷикӣ хеле зиёд истифода шудаанд ва ин то андозае ба соддагии забони асарҳои ӯ сабаб шудааст.
-
Забони асарҳои ӯро ба маънои том тамоман содда ва оммафаҳми гуфтан мумкин нест, чунки Савдо мувофиқи талабот ва шароити замона, пеш аз ҳама, ба ҳамасрони худ пайравӣ карда бошад, аз тарафи дигар, ба анъанаҳои услуби назму насри адабиёти классикӣ такя накардааст. Аз ин рӯ, дар таркиби асарҳои ӯ калима ва ибораҳои арабии душворфаҳм низ дучор мегарданд, ки ба аксарияти нависандагони он давр хос буданд.
-
Савдо бо забони нисбатан соддаи асарҳои худ ба шоирон ва нависандагони минбаъда то андозае таъсир кард ва барои ба нормаи забони адабӣ даровардани калима ва ибораҳои умумию ҳамафаҳми халқӣ кӯшид ва ба ин восита, аз як тараф, забони адабиро ба забони халқ як андоза наздик кард, аз тарафи дигар, анъанаи китобии то он вақт давомкардаистодаи насру назмро қисман тағйир дод.
Бо баробари ин дар осори Савдо баъзе калима, ибора ва шаклу воситаҳои грамматикии соф шевагӣ, маҳаллиро дучор мепавем, ки ҳуқуқи ба забони адабӣ дохил шуданро надоранд. На фақат Савдо, шоирони дигар ҳам баъзан калимаҳои шевагиро сӯистеъмол карда, барои вазну қофия шуда ин гуна калимаҳоро бар хилофи нормаи забони адабӣ бисёри кор фармудаанд. Ин тарзи сӯистеъмоли элементҳои шевагии забон ба характери умумимиллии забони адабӣ мувофиқат намекунад, балки онро ба забони шева ва лаҳҷаҳо мубаддал мегардонад. Аз ин ҷо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки нависандагони он давр роҳи дурусти истифодаи забони зиндаи халқро барои соддагӣ ва такмили забони адабӣ ҳанӯз намедонистанд ва муайян накарда буданд. Ба ҳар ҳол ин савдо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё