Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Адибони пешқадами ибтидои асри XX аксаран шогирдон ва пайравони Аҳмади Дониш буданд. Онҳо бо фикру ақидаҳои пешқадами давр, хусусан бо асарҳои маорифпарварони рус ошно шуда буданд. Хизмати бузурги ин адибон дар он аст, ки онҳо ба забон миқдори зиёди унсурҳои забони гуфтугӯӣ ва як қатор калимаҳои русиро (гарчанде ин ҳодиса аз давраи Аҳмади Дониш сар шудааст С.Ҳ.) дохил намуданд. Дар соҳаи наср онҳо бар зидди иборапардозиҳои зиёдатӣ, муболиғаҳои бемаънӣ, ташбеҳҳои печ дар печи адабиёти қадим ва услуби бедилизмону мубориза бурда, аз истеъмоли калимаҳои арабӣ то дараҷае худдорӣ намуданд. Лекин ҳамаи онҳо ба забони арабӣ, тарзи ифодаи содда ва услуби содданависӣ як хел муносибат надоштанд. Баъзеи онҳо дар назм бо забони содда ва оммафаҳм сухан гуфта бошанд, дар асарҳои насриашон анъанаи китобии насри классикиро нигоҳ медоштанд ва баръакс. Аз ин рӯ, дар бораи тарзи ифода ва забони асарҳои адибони ин давр ба тариқи мухтасар мулоҳиза рондан аз фоида холӣ нест.
АСИРИ
Яке аз адибони пешқадами охири асри XIX ва ибтидои асри XX Тошхӯҷаи Асирӣ буд. Асирӣ бо забони фаҳмо шеър гуфта, дар шеърҳояш табиати рӯҳафзои ватани худро сароида ба масъалаҳои зарурӣ зиндагӣ, хусусан обёрӣ намудани замин дахл кардааст. Ӯ на фақат ба забони тоҷикӣ, балки бо забони узбекӣ низ шеър мегуфт. Забони назми ӯ аз калимаю ибораҳои соф тоҷикӣ, узбекӣ ва русӣ бой аст ва қатъи назар аз истифодаи калимаҳои арабӣ ба хонандагон фаҳмост. Дар шеърҳои Асирӣ калима ва ибораҳои гуфтугӯии халқии оммафаҳми чарх, теша, каланд, лаққӣ, олчин, ҳашарчӣ, бел, аҳмади порина, мумсик, фолбин, фол дидан, ор кардан, ланг, дил сӯхтан ва ғайра сериистеъмоланд. Дар шеърҳои ӯ калимаҳои русии стол, поезд, техника, октябрь, Урупо (Аврупо), машина, фабрика ва монанди инҳо дучор мешаванд.
Забони асарҳои насрии Асирӣ нисбат ба забони назмаш мураккабтар аст. Якчанд порчаҳои насрӣ овардан мумкин аст, ки ин даъворо тасдиқ хоҳад кард: Аз гуфтори Асирӣ:
"...Аммо баъд, зовиянишини гӯшаи ҳирмон, яъне Асирими ҳечмадон, чунин менигоранд, ки: рӯзе дар фасли ҳариф мутобиқи санаи 1327 дар сероҳаи аввали бозори панҷшанбе ҳамчун қоимаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё