Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз масъалаҳои хеле муҳим ва ҷолиби диққати омӯхтани адабиёти пешазреволюсионӣ масъалаи забон ва тарзи баёни асарҳои назмӣ ва насрӣ ба ҳисоб меравад.

Дар хусуси тарзи ифодаи забони асарҳои насрии классикӣ адабиётшиносон ва забоншиносон хулосаҳои умумӣ бароварда қайд кардаанд, ки тараққиёти забони адабӣ ва алалхусус, забони насри бадеӣ ва таърихӣ то нимаи асри XIX асосан бо роҳи мураккабии тарзи ифода ва истифодаи печ дар печи таркиби луғавӣ давом кардааст. Маълум аст, ки дар насри классикӣ иборасозиҳои печ дар печ, бо маҷоз аз ҳад зиёд оро додани фикр, истеъмоли афзуни калима ва ибораҳои арабӣ, тавсифу таърифҳои бемазмун, усули пургӯии барзиёд қисман характернок буд. Ин ҳолат забони баъзе асарҳои насриро ба дараҷае расонд, ки унсурҳои оммафаҳми забони зинда аз қалами нависандагон дур шуда буданд. Ҳангоми аз назар гузаронидани асарҳои бадеӣ ва таърихии насри классикӣ кас ба чунин хулоса меояд, ки гӯё он асарҳо танҳо барои гурӯҳи муайяни одамон навишта шуда бошанд, зеро забон ва услуби онҳо то дараҷаи мушкилу душворфаҳманд, ки ба ҷуз нависандагону шоирон дигарон фаҳмида наметавонанд. Аз ин гуна асарҳо мардум тамоман бебаҳра мемонанд.

Албатта, мо ин даъворо надорем, ки тамоми асарҳои насрии классикии то ибтидои асри XX навишташуда саросар бо забони душвор ва мушкил навишта шуда бошанд, баръакс асарҳои бо забони содда ва оммафаҳм таснифгардида низ ҳастанд, вале миқдоран кам буда, дар муайян кардани услуби содданависӣ меъёр шуда наметавонанд.

Забони адабӣ дар сайри таърихии зиёда ҳазорсолаи худ вобаста ба шароитҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ ба як ҳолу вазъият намонд, балки тадриҷан тағйир ёфта, инкишофи тадриҷии бузургеро аз сар гузаронд. Ин тағйирот дар назм нисбатан кам, аммо дар наср бештар воқеъ гаштааст.

Аҳли тадқиқ исбот намудаанд, ки насри пешина дар тарзи ифода ҳамеша якрангу якхел воқеъ намудааст. Дар ибтидо вай бисёр содда буд, аз асри VII сар карда рӯ ба вазнинию душворфаҳмӣ ниҳод ва дар асри XIX вобаста ба шароити давр боз

пешина
аз 159
навбатӣ