Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

расикӣ, забони русӣ, забони арабӣ, ҳисоб ва ҷуғрофия аз тарафи мутахассисони он таълим дода шавад; муаллими ҳар фан бояд фанни худро донад"36.

Мирзосироҷ Ҳакими таҷрибакор ҳам буд. Вай дар Бухоро бо лақаби Мирхон, дар Эрон ва Афғонистон бо лақаби Духтур Собир машҳур будааст. Дар ёддоштҳояш нақл менамояд, ки шаш сол дар Эрон ва Мозандарон ва ҳатто дар вақти ҳабс буданаш дар ҳабсхонаи Қушбегии Бухоро низ бо корҳои табобат машғул шудааст. У аз қабили чунин ҳакимоne буд, ки беморонро бо роҳи нави русӣ-аврупоӣ табобат мекард. Дар газетай "Бухорои шариф" чунин эълоннома дарҷ шудааст: "Қасалии ришта - қасалии табобатшаванда. Таҷрибакор Мирзосироҷ Ҳаким аз бадани одамон риштаро кашида мегирад. Дар давоми як сол зиёда аз 300 нафар беморонро табобат намуд, ки ҳамаи онҳо шифо ёфтанд. Музди табобат аз беморон баъд аз сиҳат шуданашон гирифта мешавад: ҳар як риштаи кашидашуда 5 танга, аз одамони камбағал 2 танга, аз бекасон музди талаб карда намешавад.

Адрес: ш. Бухоро, растаи Челонгари, "Табобатхона ва давохонаи махсуси худи Мирзосироҷ Ҳаким"37.

У баробари табобати беморон дар мавзӯи саломатӣ дар матбуоти давр мақолаҳо менавишт. Вай аз 26 март то 12 июли соли 1912 дар рӯзномаи "Бухорои шариф" бо унвони "Ҳифзи сиҳат" 30 мақолаи тиббӣ навишта, ба одамон маслиҳатҳои пурқимат додааст.

Мирзосироҷи Ҳаким дар ибтидои асри ХХ Бухоро аз шахсони пешқадаме буд, ки бар зидди ҷаҳолат, торикӣ, бесаводӣ мубориза бурда, халқро ба илму маърифат даъват менамуд ва бо фаъолияти илмӣ ва амалиаш барои ҳифзи саломатии мардуми меҳнаткан чун табиби таҷрибакор хизмати шоистае кардааст.

Қайд кардан лозим аст, ки Мирзосироҷи Ҳаким гарчанде шахси маърифатнок, шоир, нависанда, сайёҳ, публицист ва ҳакими доно бошад ҳам, аз таъсири идеологияи ҳукмрони давраи ибтидои асри ХХ тамоман хориҷ набуд. Дар осори ӯ баъзе ақидаҳо низ мушоҳида мешаванд, ки хилофи фикрҳои пешқадами маорифпарваронаи ӯ мебошанд. Ин албатта, сабабҳои худро дошт: Мирзосироҷ дар оилаи саррофи аморати Бухоро таваллуд ёфта ба камол расидааст ва аз он муҳити буржуазияи нави маҳаллӣ берун монда наметавонист. Мувофиқи гуфти В.И.Ленин „дар ҷамъият зиндагӣ карда ва дар айни замон аз ҷамъият озод будан аз им

пешина
аз 159
навбатӣ