Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ҳодиса дар забони имрӯза ҳам дучор мешавад: Ҳонаи нумраи якро воз намуда бандаро манзил доданд (с.339).
Баъзан ба ҷои шумораи якум ва дуюм калимаҳои яке, аввал, дигар кор фармуда шудааст.
Дар асар шакли ифодаи баъзе шумораҳо аз забони адабии имрӯза фарқ мекунанд. Дар забони адабии имрӯза барои қимати тахминии предметро муайян намудан пешоянди аз фалон то истифода карда мешавад: аз панҷ сӯм то даҳ сӯм.
Мирзосироҷ ин мафҳуми тахминро бо пешоянди аз ва пешоянди арабии ало (على) ба маънои ба, бар ифода намудааст: Қимати билети театр аз панҷ манот ало бист манот буд (с.101). (аз панҷ манот ба бист манот буд). Аз даҳ нафар ало панҷоҳ нафарро ҷо дорад (с.151). Дар асар дар ифодаи шумораҳо инчунин ифодаи дар ҳазӯр даҳ нафар ба назар расид: Дар ҳазӯр даҳ нафар одами беили.
Хусусияти дигари шумораҳои асар дар серистеъмолии баъзе калимаҳои ифодакунандаи миқдору ченак, ки дар забони адабии имрӯза аз истеъмол баромадаанд, мушоҳида карда шуд: фарсах ва фарсанг - ифодакунандаи шаш километр. тумон - калимаи туркӣ буда, миқдори даҳ ҳазорро мефаҳмонад, манот - аз калимаи русияи монета гирифта шуда, як сӯмро ифода мекунад, газ - олати чӯбӣ ва ё оҳании ченкунии масофа, матоъ, ки дарозиаш 91,5 см мебошад: Ҳар ҳафт вирс як фарсах аст (с.14).
А. Дониш ин калимаро дар шакли фарсанг истеъмол кардааст: Масоҳаташ тақрибан фарсенге дар фарсанг буд (А.Дониш).
Қариб ба сад тумон аз банда пули телеграф рафтааст (с.333) Як саду панҷоҳ манот қимати ҳар луж буд (с.101). Як дона манораи сангӣ дар деҳлӣ аст, ки ҳафтсад газ ртифо дорад (с.85).
Нависанда ба ҷои калимаи тин калимаи пораро истеъмол намуда дар қавсайн шакли русии он — копекро додааст: Аз фойтун ва савора сад пора аз пиёда даҳ пора (ду копек) пул дарёфт мекунанд (с.35). Ба ҷои ифодаи сию се рӯз дар асар шакли як моҳу се рӯз оварда шудааст: Баъди як моҳу се рӯз (с.150).
Ҳамин тавр, нависанда дар истеъмоли шумораҳо аз як тараф, ба забони адабии классикӣ ва давраи худ такя карда, шаклҳои қадимии шумораҳоро истифода карда бошад, аз тарафи дигар, баъзе шумораҳои русии навро ба забони адабӣ дохил намудааст. Умуман, шумораҳои асар бо шумораҳои забони адабии имрӯза дар тарзи ифода мувофиқат мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё