Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
мепардозад (с. 193). Як саду сию шаш миллион нуфус дорад, ки навад миллиони он рус ва исавӣ, боқӣ мусулмон ва мазҳаби мухталифа (с. 112).
Шумораи дусад дар шакли дувист серистеъмол аст ва он пас аз шумораи миллион омадааст:
Илова аз як миллиonu дувист ҳазор аҳолӣ дорад (с. 36). Ба қадри дувист таноб бузургии атрофи он буд (с. 96).
Шумораҳои тахминии дар асар буда бо шумораҳои тахминии забони адабии имрӯза мувофиқати пурра доранд: Се-чор соат машғули тамошо будам (с. 96). Даҳ-понздаҳ нафар аскари баҳрӣ ҳам дар он манзил доштанд (с. 237).
Баъзан нависанда ҷонишини миқдории чандро бо шумораҳои аслӣ ҳамроҳ оварда, шумораи тахминӣ сохтааст:
Саррофҳои Маскав дар бирҷа ҳар рӯз чанд миллион хариду фурӯш мекунанд (с. 108).
Гоҳо ҷонишини чанд дар шакли чандин омадааст: Чандин ҳазор тоҷиру савдогар дар он ҷо сукунат доштанд (с. 108).
Дар забони адабии имрӯза ҷонишини миқдории чанд пас аз шумора оварда мешавад ва адади тахминро ифода мекунад: аз сесаду чанд нафар.
Мирзосироҷ ҳам айни ҳамин шаклро истифода бурдааст: Дар бисту чанд сол қабл роҳи оҳан кашиданд (с. 24).
Барои ифодаи мафҳуми миқдори тахминӣ нависанда калимаи қарибро бо шумораҳои миқдорӣ ҳамроҳ овардааст: Қариб ба сад тумон аз банда пули телеграф рафтааст (с. 333). Қариб ба ду моҳ тӯл кашид (с. 334). Қариб ба ду ҳафта (с. 337). Қариб ним соати тамом (с. 334).
Калимаи қариб хоси забони умумихалқӣ буда, ҳоло дар гуфтугӯ фаровон истифода карда мешавад.
Шумораҳои касрӣ дар асар истифода нашудаанд. Танҳо шумораи ним бо исми соат ҳамроҳ оварда шудааст: Ним соат фурсат набуда мошин ҳам расид (с. 63).
Шумораҳои тартибӣ дар асар монандӣ забони адабии имрӯза аз шумораҳои аслӣ бо ҳамроҳ кардани суффикси -ум сохта шудаанд: Ин шахсро бубаред ба хонаи нумраи якум. (с. 338). Рӯзи сеюм вориди Нишопур гардидем (с. 150). Ба таърихи панҷуми июли санаи 1902 мелодӣ аз балдаи фоҳираи Бухоро баромада... (с. 24).
Гоҳо суффикси шумораи тартибӣ -ум афтида мемонад, ки ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё