Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳҳои оҳан, музей, мактабҳо, театрҳо, киштиҳо, автомобилҳо ҳастанду дар Бухоро аз онҳо нишоне ҳам нест?

"Бубинед,— мегӯяд нависанда, — ки илми кори миллати Аврупоро ба куҷо расонидааст, беилмию танбалӣ кори аҳолии Осиёро ба чӣ пояи пастӣ кашонида, зиндагии онон бо чӣ вусъат гузарон, мо мардуми ба чӣ машаққату хорӣ умр ба сар мебарем. Эй, вой бар мо, вой бар мо!"

Пас аз мусофирати шаҳрҳои Австрия, Англия, Париж Мирзосироҷ аз декабри соли 1902 ба Эрону Афғонистон сафар мекунад. Нависанда аҳволи бади косибон ва халқи меҳнаткаши Эронро бо чашми худ дида, ба мулло ва амлокдорони он ҷо лаънат мехонад, ки то кадом дараҷа халқи бечораю Эронро пойлучу гадо кардаанд:
"Мақсади ҳамаи муллоҳои беинсоф манфиати дунбавӣ аст"30. Аз ин сабаб онҳоро ба зери танқид гирифта менависад:

Дар сафи тоат нишаста рӯи дил андар бутон,
Кофирӣ сад бор беҳтар з-ин мусулмонӣ ҳанӯз.

Нависанда пас аз ду моҳ ба Афғонистон мерасад. Аз сабаби надоштани ҳуҷҷати роҳ (паспорт) бо иғвои рӯҳониёни мутаассиби Афғонистон ба ҷосусӣ айбдор ва ба ҳабс маҳкум карда мешавад ва дар ҳабсхонаи Ҳирот як сол бегуноҳ хоб мекунад. Баъд аз як сол аз ҳабс озод шуда, соли 1905 ба Бухоро бармегардад ва ба табобати мардум машғул мешавад.

Сафари сеюми нависанда аз соли 1906 сар мешавад. Ӯ аз Бухоро ба Марв, пас ба шаҳрҳои Панҷдеҳ, Тахтабозор ва Тошқӯргон меварад. Роҳзанони бандари ҷуз молу пули ӯро бо зӯрӣ кашида мегиранд. Аз ин ҳодиса савдогарони дар Эрон будаи арман хабардор шуда, ба ӯ ёрии иқтисодӣ мерасонанд. Пас дар яке аз табобатхонаи Теҳрон кор мекунад ва дарси тиб меомӯзад. Баъди чанд вақт ба Деҳлӣ ва аз он ҷо ба Астаробод омада, ба табобати мардум машғул мешавад. Соли 1909 ба Бухоро бармегардад. Худи ҳамон сол ба навиштани хотироти сафарҳои худ шурӯъ карда, онро соли 1911 ба итмом мерасонад. Соли 1914 ба касалии сил гирифтор мешавад ва ҳамон сол дар синни 37 солагӣ вафот мекунад.

Устод С.Айнӣ ба вафоти мирзосироҷ марсияе навишта буд.
С.Айнӣ ӯро "донишвар, ходими миллати ислом, ношири илм, ватанхоҳ, маорифпарвар, аз нуқтаи маҳофил пурнур, аз хомаи ӯ ҷаридаҳо зевардор" тасвир намудааст:

пешина
аз 159
навбатӣ