Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт

МУҚАДДИМА

Дар давраи ҳозира аз ҷиҳати илмӣ омӯхтан ва тадқиқ намудани забон ва услуби ин ё он асари нависандаву шоир аз масъалаҳои актуалии забони адабӣ ба ҳисоб меравад.

Дар илми забоншиносии советӣ омӯхтани забони асарҳои бадеӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Дар ин бобат солҳои охир аз тарафи забоншиносон асарҳои тадқиқотии зиёде офарида шудааст. Забони асарҳои бадеиро аз ҳолати умумии забони адабӣ ҷудо тасаввур кардан мумкин нест. Бинобар он таҳлили хусусиятҳои забони асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва публицистиро бевосита аз таҳлили категорияҳои грамматикии забони адабӣ сар кардан лозим аст. Таҳлили забони асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва публицистии ҳар як асру давр дар муайян намудани воситаҳои лексикӣ ва грамматикии забони адабӣ роҳи муҳим мебозад. Ҳангоми тадқиқи забон ва услуби асари нависанда ва таносуби он бо масъалаҳои умумии омӯзиши адабиёти бадеӣ, масъалаи муайян кардани робитаи услуб ва мазмуни идеявии асар ба тадқиқкунанда душвориҳои зиёде меоварад. Дар асарҳои бадеӣ вобаста ба талаботи мавзӯъ шаклҳои грамматикии зиёде истифода мешаванд, ки онҳоро бе ёрии категория ва воситаҳои грамматикии забоншиносии таърихӣ (анъанавӣ) ҳал кардан номумкин аст.

Бесабаб нест, ки баъзе забоншиносон ҳалли услуби фардии нависандаро ба зиммаи сабкшиносии адабиёт мегузоранд. Ба ақидаи профессор А. Н. Гвоздев вазифаи асосии сабкшиносии адабиёт муайян кардани он аст, ки нависандагон барои муҷассам гардонидани хаёли бадеӣ ва ифода намудани идеологияи худ аз воситаҳои тасвир чӣ гуна истифода мебаранд.

Бар хилофи адабиётшинос, ки аз рӯи мундариҷа ё идея услуби ин ё он асари бадеиро муайян мекунад, забоншинос вазифадор аст, ки бо роҳи ҳартарафа омӯхтани забони асар мавқеи нависандаро муайян кунад.

Аз ин рӯ, забоншинос наметавонад ба дурустии масали Л. С. Пишков, нависанда на китобест, ки ӯ навиштааст, — иқрор шавад. Ҳарчанд дар рӯи китоб номи нависандаи он сабт мегардад, вале на номи ӯ ба китоб, балки худи китоб ба талабот бояд ҷавоб диҳад.

Мазмуни идеявии асар мавзӯи тадқиқи ҳам адабиётшинос ва

аз 159
навбатӣ