Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ту дар шаҳрӣ. Ҳамроҳаш бирав, а? Фақат расмияташ мондааст.
Саидбек ба аломати ризо сар ҷунбонид.
– Нигор, бирав, ҷигарам, ошат, ба хаёлам, дам хӯрд.
Нигор ба ошхона бирафт.
– Росташа гӯям, Саид, ғоибхон шавад, ҷони ман ҳам дар осоиш. Мон, ки пеши модар биравад. Ин ҷо монад – ман қаравул. Ту хоҳар надорӣ, намедонӣ. Хоҳу нохоҳ аз дунболаш нигаҳбон таъйин мекунанд. Моли нозук. Каме дер монад, давида ба институт бирав, бипурс, бифаҳм, чӣ шуд, чаро дер монд? Рӯзҳои зимистон соати панҷуним торикистон мешавад. Дар куҷо мегузарад вай маҷлиси комсомолиаш?
Чаро семинар аз фалон фан шабона барпо мешудааст? Ҳар сари чанд гоҳ меравӣ, мебинӣ ки чӣ тавр дарс тайёр мекунад. Ба пахтачинӣ фиристанд-ку қӯша-қӯша рӯзҳои истироҳатат сарфи саёҳати районҳо мешавад. Ҳар ҳафта хӯроку пӯшок мекашонӣ. Имрӯз шона даркор, пагоҳ дандоншӯяк ёфта биёр. Сад фоиз ҷонам халос шуд. Равад ба пеши модар.
Ана-мана нагуфта, ба шавҳар медиҳанд. Остонаи ҳавлиамонро хостгорон охурча кардаанд. «Нигор ҳоло мехонад, панҷ соли дигар мехонад» гуфта модари зор ба забони тоҷикӣ мефаҳмонад, боз пагоҳи дигар сабад барин дастовези дастархонпеча бардошта меоянд. «Нағзи шумову гандаи мо, хай гӯед, бачаҳоя сарашона ҷуфт кунем. Зиндагонӣ ҳамин, оини ҳазорсола ҳамин, кори хайр. Не нагӯед» Акаам оташин шуда, ба мобайн медарояд: «Ҳой мусулмонон, ба шумо кушоду равшан гуфтанд, ки духтар ҳоло ёш, ба ҳаждаҳ надаромадааст. О шумо аз қоидаю қонуни мамлакат хабардорку!». «Ҳа, ҳа, мегӯянд хостгорҳо, худоба шукр, хабардор. Мо намегӯем, ки фардо тӯй кунем. Ҳозир розигиатона тед, ноншиканон кунем, сонитар худо расонад, тӯй мекунем».
Қишлоқ-дия, қишлоқ! – Султон даме ба андеша рафт ва бо қиёфаи гирифта гуфт: – Як сол боз аҳвол ҳамин. Метарсам, ки ба ягон ландаҳур бароварда надиҳанд. Исто! – ногоҳ як мушт ба гӯшаи миз фароварда бонг зад ӯ. – Нигора ту гирӣ намешавад? А?
Саидбек гаранг шуд. Вай шартакигӯиҳои рафиқашро медонист. Медонист, ки Султон риояи расми қадиму одоби кӯҳнаи миллиро шарти зарур намедонад, ба ҳамаи ин шарту шароит тамасхуромез менигарад.

пешина
аз 248
навбатӣ