Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мошинсавор ба хонааш баргардад, аз сардорони идора ва ГАИ сарзаниш мешунавад.
Ба умеди автобус ё мошинҳои роҳгузар шавад, ҳар рӯз чанд соаташ беҳуда меравад. Пас аз тӯй касе аз даҳони ӯ як калима нашунидааст, ки ба шиква монанд бошад. «Дасти ману домани шумо, барои поясозию симкашӣ ба он канори дунё фиристанд ҳам, аз шумо чудо намешавам» – гуфта буд боре.
Додараш Умарро ҳам ба бригада худаш овард. Вай аз армия баргашта, ба яке аз ресторанҳои нави Душанбе ба кор даромада буд. Аслан касбаш ошпазӣ буд. Дар вақташ техникуми ҳамин соҳаро хатм карда, дар аскарӣ ҳам дар қисми мубоширони хоҷагидор ҳизмат мекард.
– Ҳамин сағирая ба кор бигир, сардор, – илтимос мекард бародараш аз Саидбек. – Вай аз хамири дигар, ранги ман карахт не, ба раҳматӣ падарамон рафтааст: чаққон, чашми кора медонад.
Ва азбаски додарашро аз ресторани сердаромад зӯран бароварда, ба бригадаи сайёр меовард, ба Умар низ тасаллиомез насиҳат мекард:
– Дар миёни одамҳои нағз кор кунӣ, арвоҳи падар дастгир мешавад. Пули маоши мо барин пули ҳалол нест дар дунё.
... Ҳа, оқибати шитобкорӣ ҳамин. Дӯстони аҷоиби ҳамкор дорад, аммо аз ҳоли ӯ касе хабар надорад.
Нигор ҳам чизе намедонад. Ба деҳа, ба зодгоҳаш рафтааст. Гуфта буд, ки ба маросими бобо бародари калонаш низ рафтанист. Ҳоло дар қишлоқ дар боғи падар рӯи тахтакати васеъ дар паҳлӯи янга ва бародарзодагонаш масти хоб аст.
Малахҳо чирчирашонро бас карда, кайҳо ба хоб рафтаанд.
Хурӯсҳо аз ҳар канори деҳа ба ҷеғ задан сар кардаанд. Аммо ба гӯши Нигор садое намедарояд.
Маҳз саҳари рӯзи гузашта ба деҳа рафтани Нигор оё аз амри тасодуф бошад ё дар пайи ҳам ва болои ҳам омадани чунин шароит, ки аз ҳоли Саидбек ҳоло касе агоҳ нест, ягон хел қонунияте, ҳеҷ набошад, ягон нуқтаи мантиқие бошад?
Агар Нигор медонист, ки шавҳари маҳбубаш ба чӣ ҳоле афтодааст... Бале, маҳбуб. Нигор ӯро аз таҳти дил, аз дилу ҷон дӯст медорад.

пешина
аз 248
навбатӣ