Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Қурси моҳ ба мабайни осмон расидааст. Саидбек бо ҳаракати одатӣ ба банди даст нигоҳ карду дарҳол ба ёдаш расид, ки соаташ гум шудааст. Ҳоло чӣ вақте бошад? – фикр мекард ӯ. Модом ки моҳи шомхӯрда ба миёнаи осмон расидааст, пас субҳ наздик аст.
Оқибати шитобкорӣ ҳамин. Андаке бардошт мекард ҳамроҳи Нур меомад, вай ӯро танҳо намегузошт, ҳаял карданашро дида, ба кофтуков медаромад, рафиқонашро огоҳ макард. Эҳа, Нур, Алексей, Собир агар эҳтимоли нохушиеро ба дил роҳ диҳанд, бе муболиға дунёро чаппаву роста мекунанд.
Дар тӯйи писарҳои Нур чӣ корҳое карданд!
Собир ва Алексей саҳари рӯзи ҷумъа мошини каппадори бригадаро савор шуда, ба бозори кадом як райони дур бирафтанд, то ба пули тӯёнаи аҳли бригада ҷавонае бихаранд.
(Собир мегуфт, ки дар бозори деҳот мол арзон аст). Онҳо мебоист то оғози кор ба Кашолдара бармегаштанд, аммо чоштгоҳ шуд, пешин шуду гузашт ва фақат ҳангоми аср Алексей танҳо омад.
– Собир ку? Шумо дар куҷоҳо гаштаед? – бо ҷиддият савол дод Саидбек, ки худро кайҳо боз барои сарзаниш кардани рафиқонаш омода мекард.
Алексей механдиду мегуфт, ки Собир зиндаву саломат аст. Дар хонаи Нур нишастааст.
– Нишастааст? Магар тӯй пасфардо нест? Вақти бекоршинист ҳозир? Рӯзи охирини ҳафта будани имрӯз аз ёдатон баромад. Ку пештар биё, даҳоната кушо, ҳуҳ бигӯ. Ба хаёлам, аз саҳари солеҳон шароб хӯрдаед. Чӣ ҷини каҷак зад шумоя?!
Алексей ба «сиёсати» сардор эътибор надода, ҳамчунон механдид. Баъд воқеаро нақл кард.
Онҳо ҷавонаро, аз гуфти Собир, хеле арзон харидаанд ва паси мошинро ба дӯнгие рост карда, чорпоро савор кардаанд ва дари қафои мошинро баста, ҳар ду ба кабина нишастаанд. Аммо ҳанӯз аз бозоргоҳ дур нарафта, ҷавонаи сӯр худро ба чаҳор сӯи каппаи мошин задан мегирад.
– Мошина даст бигир, Алёша, – мегӯяд Собир. – Ман ба он ҷо гузарам. Набошад, ҳайвони зӯр каппая лах-лах мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё