Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ӯ чунин намуд, ки ҳаври даҳонаш баромад ва ӯ дар партави маҳтоб онро баръало дид. Нӯги биниаш ях барин шуда буд. Зонуҳо, оринҷҳояш тадриҷан карахт мешуданд. Не, коре бояд кард то баданаш гарм шавад. Вагарна шамол кашида, дар ин ҳолат ба атсазанӣ дарояд, чӣ мешавад? Атса як амри рафънопазирест, ки на идора карда мешавад, на баргардонида. Мабодо ки қӯшаатса биояд...
Саидбек тасаввур намуд, ки баъд чӣ мешавад ва дигар дар ин хусус андеша наронда, ба адои ҳаракатҳои маҳдуди гимнастикӣ шурӯъ намуд, ки дар вазъи кунуниаш раво медонист: дандон ба дандон гузошта, ба дарди ҷароҳатҳо тоб меоварду панҷаҳоро башиддат кушода мепӯшид. Бозувонашро қат карда мекушод ва ҳис мекард, ки андак-андак баданаш гарм мешавад.
Сазои сарат, худро коҳиш намуд Саидбек. Кӯдаквор ба доми фиреб афтодӣ. Бо пои худ омадию афтодӣ.
Вай аслан ба назди бухгалтер рафта буд. Ҳуҷҷати корҳои саранҷомёфта, санадҳои маоши аҳли бригадаро супорида берун баромад ва акнун ба сӯи мошинсаро рафтанӣ буд, ки котиба сар аз тирезаи ошёнаи дуввум бароварда фарёд кард:
Давид Салимич ҷеғ доранд.
Дар кабинети сардор панҷ-шаш нафар аз инженерон, сардорони бригадаҳои дуру наздик ҳузур доштанд.
– Ба овеза ҳафтаи оянда навбат мерасад, гуфтӣ а? – савол дод Давид Салимич бо оҳанге, ки сӯҳбати нав катъ шударо давом медода бошад.
– Ҳа. Аз чоршанбе, – ҷавоб дод Саидбек ва аз дил гузаронид: «Парерӯз бобоямро дафн карда омадам. Пасфардо ба маросими ёдбудаш меравам. Аз ҳамаи ин воқеаҳо хабар дорад ва барои ман чӣ касе будани Бузургро ҳам нағз медонад.
Дуввумин дафъа аст, ки маро мебинад, аммо чизе намегӯяд.
Парешонхотир аст ё аблаҳ? Ё...
– Ҷои авезаро худат дида будӣ?
Саидбек оташин шуд, вале бо зӯр худро ба даст гирифта, оромона гуфт: – Ҳа.
– Рӯзона дидӣ? Дурустакак дидӣ?
– Ҳа.
– Ман, ҷӯра, дина дидам. Вай шахҳои хушкардаат намешавад.

пешина
аз 248
навбатӣ