Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дигар роҳбалади эътимодбахше наёфтанд, магар, ки аз домани ӯ ин қадар сахт доштаанд.
Сангинбек пешопеши навкари Исломбек қадам мезаду хаёл мекард, ки ин одамон ба вай зарар нахоҳанд расонид, зеро агарчи ба ҳукумати нав ва кордориҳои аввалини вай таваҷҷӯҳ дорад, ошкоро ба он тараф нарафтааст. Сониян, вай аз ҳунармандони баобрӯи ин музофот аст. Ба хуни чунин кас зомин шудан бадномӣ меовард. Агар аз гарданшахиҳои ӯ бисёр дар ғазаб шуда бошанд, гӯшмоле медиҳанду бас. Ҳамин тавр фикр мекард худ ба худ Сангинбек, чунки аз воқеаҳои охирини дохили дастаи Исломбек бехабар буд.
Ғофил буд, ки он воқеаҳо бо номи вай, бо гардантобии вай аз фармоиши бек вобаста буданд ва як қисматашон бо хунрезӣ анҷомид ва боз тақозое дошт, ки хуни тозае бирезад.
Даста дар деҳаи канори шаҳр базме дошт. Базми ноором ва ошуфта, маҷлисе, ки бунёдаш на дар созгор омадани корҳо, балки бештар дар ноомади онҳо буд. Йигитҳо мусаллас менӯшиданд ва маслиҳате доштанд, ки ба назди Иброҳимбек, аниқтараш ба деҳаи Ҳакимӣ ба Ҳисори шодмон кӣ меравад? Роҳи душворгузар, вале наздиктари кӯҳистонро роҳбалади хубе лозим аст. Вагарна эҳтимоли дар ягон вартаи хатарнок нобуд шудан вуҷуд дорад, чунки дар ҳамин роҳи нисбатан хилват ҳам ба аскарони сурх ё ҳавохоҳони онон дучор метавон омад. Роҳбалади хубтарин дар ин гирду атроф усто Сангинбек аст, ки аз амри бек гардан метобад.
Умуман вай ҳамин хел зоти ноасл аст, фақат ба каси дилхоҳаш ҳамтабақ мешавад, фақат ба кори дилкашаш камар мебандад.
Роҳи калону ҳамвортари Китобу Ғузору Бойсун пур аз «гӯшу чашми» ҳукумати нав аст.
Чӣ бояд кард?
Гӯё охирин хуми мусалласи зӯри шашсола кӯмак кард:
қарор доданд, ки ҳар чи бодо бод, бо роҳи ҳамвор вакил фиристода шавад. Дунболи ҳам ду вакил роҳӣ карда шавад.
Иншооллоҳ, ба манзили мурод ақаллан яктоаш хоҳад расид.
Ҳа, масъалаи иттиҳоди дастаҳои парокандаи ҳомиёни шариатро ҳарчи зудтар бояд ҳал кард. Ҳукумати нав рӯз ба рӯз қувват мегирад, майдони ҳарб торафт тангтар мегардад, агар чунин аҳвол боз муддате давом кунад, дастаҳои парешон ҳатто дар қароргоҳи худ паноҳе наёфта, маҳв хоҳанд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё