Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шабона бо вуҷуди хастагӣ дергоҳе хобаш набурд. Андешае ором намегузошт, ки синнаш аз сӣ гузаштаасту баъзе корҳояш ханӯз хоманд. Як тарафи зиндагониаш ноором.
Аммо чӣ илоҷ? Табиаташ ҳамин хел: кореро дилаш накашад, дасташ ҳам намеравад, пояш ҳам намекашад. Ба ҷамоат хизматаш лозим шавад, боре дар умраш гардан натофтааст. Мана, даъваташ карданд, пули Равонакро дар як ҳафта аз нав сохта дод. Ҳамон пулеро, ки одамони бек оташ зада буданд. Аз рӯи ситеза ба ҳукумати нав. Ба лашкари ислом аз сар қатӣ нашуд, акнун чаро шавад? Аз ӯҳдаи роҳбалад шудан мебарояд, албатта. Роҳи наздиктарини байни Сочак ва Қаротоғро панҷ панҷааш барин медонад. Ҳанӯз пеш аз инқилоб, бистучорсола буд, корвони ду олими харитакашро роҳнамо шуда буд. Тоҷири қашқариро низ ба хару хингалааш ҳидоят карда буд. Аммо онҳо бо нияти хайр мерафтанд.
Ҳоло бо фармоиши аскарҳо пулеро соз кунӣ, ҳомиёни шариатро намефорад. Бо супориши саркардаҳои лашкари ислом коре бикунӣ, ба одамони хукумат сахт мерасад. Беҳтараш гӯшата ба карӣ андозӣ.
Аслан ба ягон кас, ақаллан бо ҷӯрааш Рустам маслиҳат мекард, бад намешуд.
Сонӣ хаёлаш ба андешаҳои дигар банд шуд, ки вай онҳоро фикру хаёли мушкили пургиреҳ мешуморид. Чаро худованд бадонро ҷазо намедиҳад? Магар муроди ӯ аз халқ кардани инсон шарофати вай, манфиати вай, инсони мукаммал шуда, дар ҷамъияти ҳамқавмони худ бо кори неку номи нек зистан нест? Агар ин тавр бошад, чаро парвардигор ин қадар бисёр зотҳои бадхӯ, дурӯя ва дилсиёҳро офаридааст, ки рӯзгори дигаронро тира месозанд? Агар бидуни раъйи ӯ як тора мӯе аз сари банӣ одам кам нашавад, агар ба дунё омадану рафтани лаки дар лак одамон ба иродати вай вобаста бошад, агар он яздони пок дар ҳама ҷо ва ҳамеша ҳозиру нозир бошад, пас чаро бо ин ҳама иқтидор ва тавоноӣ коре намекунад, ки хунрезӣ камтар шавад, шикваи бенавоён бикоҳад, мардуми заҳматкаш ақаллан муддате биосоянд?
Муллоҳо ба ин гуна саволҳо посух дода мегӯянд, ки офаридгор дидаву дониста ҳамин тавр мекардааст, то имони бандагонашро биозмояд, эътиқоди ононро бисанҷад ва баъд дар охират, дар он дунё мувофиқи амал мукофот диҳад.

пешина
аз 248
навбатӣ