Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз як нимишабӣ телефон шуд. Бобом маро бедор кард. Барфи калони рӯи ҳавлиро дида, аввал аҳд кардам, ки аз хона барояму сарама гирифта, ба ягон ҷои дур гурезам. Набинаму насӯзам.
Ҳанӯз автобусҳо намегаштанд. Дарду балои шофёри мошини барфрӯбакро гирифта, нолаю зориҳо карда, худро ба гараж расонидам. Хайрият, мошин асосан бутун буд.
Фақат якта дари чапаш пачақ шудагӣ. Аммо боми пурбарфи гараж якҷоя бо девори тахтагини байни ду ҳавлӣ ба рӯи қозхонаи ҳамсоя афтода, онро маҷақ карда буд. Зану бачаҳои ҳамсоя, Малика, язнаам, тахмин понздаҳ нафар ҳамсоягони атроф дар ҳавои нимторики бомдодон шикастапораҳои гаражу девору қозхонаро саранҷом мекарданд. Зану духтари ҳамсоя қоз пар меканданд. Фақат чаҳор қозро кашида бароварда, дар вақташ сар зада ҳалол кардаанд.
Қозҳои шаҳидшударо бо нархи бозор ҳисоб карданд. Дусаду ҳафт сӯм шуд.
Ду шанбе ва ду якшанбеи навбатӣ девор рост мекардем, барои ҳамсоя катаки нав месохтем.
Усто Исмоил бо ҳамон оҳанги доимии некбинона мегуфт:
– Гуфтам-а: боми имората, қоида, фақат ба девори капиталнӣ, яъне бақувват бор кардан мумкин. Аммо гапи одами чашмаш пухтагия дар ин замона кӣ гӯш мекунад?
Ориф гуфт:
– Ҳамту гуфта будӣ? Бубахш, ҷӯра, мо ҳама, аввал ин ки карем, сонӣ, ношукрем, ба қадри ту барин устои гулдаст намерасем.
Лаҳзае ба мехзании Исмоил зеҳн монда истоду илова кард:
– Лекин, ҷӯра, ба катаксозӣ дасту панҷаат нағз мечаспидааст. Аслан устои катак будаӣ ту. Оламоро!
Жигулия арзонтар фурӯхта, мебель, яхдон харидам. Зан мегирам. Бобом хурсанд, аммо худам... Хайр, канӣ, бинем.

пешина
аз 248