Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Духтур аз дил гузаронид, ки ҳозир ба сӯҳбати Ҳамадон чандон иштиёқ надорад ва хуб мешуд, ки ӯ бо чақ-чақи рафиқонаш андармон шуда, шарфаи пои ӯро нашунавад ва ба доманаш часпида аз роҳ бознадорад.
Лекин нашуд. Ҳамадон ҳамсӯҳбатонашро тарк намуда, аз паҳлуи ӯ гузашт ва бо камоли одоб ва нармӣ аз бағалц духтур гирифта, асроромез пичиррос зад:
– Чанд чизи, хӯ-ӯш, бисёр ғалатӣ, фақат барои худатон.
Бигӯям?
Наққош ба зӯр худро маҷбур намуд, ки аз гулӯяш садои «ҳа» барояд.
– Калонтарин тухм дар ҷаҳон, хӯ-ӯш, моли уштурмурғ аст. Барои пухтани як донааш онро, хӯ-ӯш, чилу панҷ дақиқа бояд ҷӯшонид.
Наққош ҳис кард, ки дилтанг мешавад. Овози бемор ба гӯшаш намефорид. Мехост сухане ёфта бигӯяду миёни нақли ӯро бибуррад ё ҳеҷ набошад, пичингомез бипурсад, ки «Ин гуна тухм шиками чанд нафар ту барин ҳамадонҳоро сер мекардааст?» Аммо боз худро ба даст гирифт ва хунсардона гуфт:
– Аҷиб.
Ҳамадон аз тағири муомилаи духтур, албатта, хабар надошт ва мисли пешина бо ваҷд ба гапаш давом мекард:
– Хуки дарёӣ наваду шаш дандон дорад, вале тӯъмаашро, хӯ-ӯш, нахоида фурӯ мебарад. Медонед, барои чӣ?
– Не, – иқрор шуд Наққош.
– Сабабашро баъд мегӯям. Лекин хотиррасон кунед.
Андак, хӯ-ӯш, парешонхотир шудаам.
Вай дасти Наққошро раҳо карда, ба назди мусоҳибонаш баргашт.
Маълумотхалтаи ин бемор бетак аст, аз афташ, фикр мекард Наққош. Духтураш, мудири мӯҳтарами шӯъба, ташхиси касалии ӯро нодуруст додааст. Савдои шаҳомат нест дарди ӯ.
Аз ин қабил беморон дар таҷрибаи Наққош вохӯрда буданд. Перорсол як бемор аз хешу табори худ коғазҳои калон-калони нақшакашӣ, мистару қаламҳои рангоранг талаб мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё