Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– О вай мард касал аст. Худатон духтур, мефаҳмед. Чӣ кор ҳам кардан мумкин?
– Набошад, сабр кунед, ман ягон кор мекунам.
Хосиятхон рост ба назди муфаттише, ки ин корро мутасаддӣ буд, даромада, илтимос кард, ки ҳамсояи ӯро ба вай нишон диҳанд. Ҳамин ки милитсионери навбатдор ӯро оварда, аз дар дарун кард, Хосиятхон чобук аз ҷои нишасти худ барҷаста, сӯи дар шитобид. Ҳамсоя, ки рӯзи моҷаро чӣ гуна дар дасти ин зани пурзӯр мисли гурбаи ошолуд оҷизона тапидани худро ҳанӯз нағз дар ёд дошт, беихтиёр чанд қадам қафо рафт. Аммо Хосиятхон чолокона ба ӯ расида, аз бозуяш қапида, ба пешгоҳи хона, ба наздикии мизи муфаттиш оварда нишонид.
– Ҳамсоя, – бо овози пасти таҳдидомез сар кард ӯ бидуни салому алеку пурсупосу ину он. – Мегӯянд, ки ба мағзи шумо, – ӯ нӯки ангушти ишораташро бо кароҳат ба пешонии арақпахшкардаи ҳамсоя расонид, – осебе расидааст. Намедонам, шуморо акнун ба ҳабсхона мефиристанд, ё ба курорт. Лекин ман ба ҳар ҳол огоҳ карда монданиам, ки агар афсонаҳои аблаҳонаатонро дар хусуси шавҳари ман ва маймуни худ – ӯ зани ҳамсояро дар назар дошт – бори дигар дар ягон ҷой такрор кунед, ана дар пеши намояндаи идораи давлат қавл медиҳам, ки илоҷи ҳар дуятонро худам меёбам.
Шумо феъли мана медонед. Гап ҳамин...
Муфаттиш аз тиреза Наққошро бо имо даъват намуд ва ӯ занашро таваллою зорикунон ҳамроҳаш бурд. Зану шавҳар кайҳо қарор дода буданд, ки ҳар ду ҷарроҳ мешаванд. Аммо аз рӯзи моҷаро сар карда, фикру хаёли Наққош ба касалиҳои асаб ва хусусан ба табиати рашк, сабабҳои пайдоиш, аломатҳои нахустини он, шаклҳои зуҳур ва рафта-рафта ба як қувваи ноаёни ташвишангезе расидани ин ҳисси харобиовар торафт бештар таваҷҷӯҳ мекард.
Шояд боиси тағири пеша кардани Наққош боз чунин як хислати табиии ӯ бошад, ки агар дар назди ӯ зарурати ҳалли яке аз ду муаммо истода бошад, вай ҳатман муаммои мураккабтарро интихоб мекард. Аз зарурати ҳал кардани ягон масъалаи душвор, чунон ки ба сари баъзе касон меояд, ба дарёи андеша ғӯта намезад, даступо гум намекард, баръакс рӯҳаш боло мегирифт, ғайраташ меафзуд.

пешина
аз 248
навбатӣ