Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ана ҳамин тавр, мумкин аст ҳар дуи онҳо болои ҳам се бор даъватнома фиристодани комиссариати ҳарбиро низ ташкил карда бошанд, илова ба ин ҳар замон кай ба аскарӣ рафтани ӯро пурсидани раиси колхоз-акои Олим, котиби ташкилоти ҳизбӣ Одил Саркор, Юнусбобо ва дигарон ҳам аз иғвои ҳамин ду рақиб бояд бошад!..»
Мамараҷаб бо ин хулосаҳои худ ба танобе, ки аз дили бадкини Мирбадал сар мезад, аз нав печ хӯрда, торафт ба ишкел афтода мондани худро намефаҳмид.
Баръакс, ин фикру хаёлҳо аз дили бадгумони вай чуқуртар ҷой гирифта, ихтиёри худро ба дасти Мирбадали «ғамхӯр» медоданд. Мирбадал ҳам «аз ҷои нозуки фикри ҷияни худ» маҳкам дошта, бадтар мақсади худро зоҳир месохт ва таноби Мамараҷабро, ки вай ҳар замон фикрҳои ба Мирбадал номаъқул изҳор мекард, тарангтар кашида мемонд.
– Боз мегӯям, ки ин гапҳо дар байни худамон монад,
– гуфт такроран Мирбадал ва Мамараҷаб, ки ӯ ба як кунҷи девори хона беҳаракат чашм дӯхта монда буд, – шумо аз ман барои камтар бедармон шуданатон сахт хафа шуда бошед ҳам, майлаш, боз ба ҷони ҷавонатон дили ана вай ошиқу маъшуқҳо, ҷигарам!
Мамараҷаб ҳамаи гуфтаҳои амакашро хомӯшона гӯш карда, ҳеҷ ҷои эътирозкунӣ намеёфт. Баръакс, ин суханҳо дар дили вай мавҷи аламу ғуссаҳои навро ба ҷӯш оварда, ӯро бадтар бетоқат мекарданд. Вақте ки Мамараҷаб охирин ҷумлаҳои Мирбадалро шунида, бо бетоқатӣ аз ҷояш нимхез шуду бо як уф кашидан буғзи дилашро холӣ кард, аз ин уфи вай ҳавои хона ҳам ба мавҷ омада, забонаки торафт хомӯшшавандаи чароғро лип – лип ба ҷунбиш овард.
– Равғани чароғ ҳам адо шуд аз афти кор? – гуфт Мамараҷаб.
– Ман гуфтам, чаро ин қадар паст дармегирифта бошад, – гӯён Мирбадал ба чароғи дар тоқча истода даст дароз кард. Керосини чароғ ба охир расида буд.
Фақат пилтаи равғанолуди вай сӯхта, хонаро бӯи ғализ фаро мегирифт.
– То равған рехта оварданам дар торикӣ наметарсед?

пешина
аз 333
навбатӣ