Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале офтобро бо доман пӯшидан мумкин нест. Мамараҷаб боз сухани худро давом дода, ба Мирбадал киноя кард:
– Дар ин мобайн каромоти ба ман нишон додаатон монду бас...
– Акнун ҳар чӣ гӯед ҳам, вақташ гузашт, – гуфт Мирбадал овозашро баландтар карда ва Мамараҷабро тарсонданӣ, ӯро аз мулоҳизаҳои ҳаққониаш баргардонданӣ шуда, – чизе ки байни мову шумо гузашта бошад, бояд дар ҳамин ҷо монад, набошад аввалан ба пои худатон теша мезанед. Кӯтоҳаш ҳамин ки «Пои мурғ чандта? Якта».
– Қаҳратон наояд, амаки Мирбадал, – ҷавоб дод Мамараҷаб аз гуфтаҳои худ ранҷидани Мирбадалро пай бурда, – охир, ин кор боз «узри бадтар аз гуноҳ»
нашавад мегӯям.
– Агар забонро ба ихтиёри худаш намонда, ба паси дандон маҳкам нигоҳ доред, ҳеҷ чиз намешавад. Агар не гӯед, аз худатон гиламанд бошед. Ҳаминро ҳам хуб фаҳмида гиред, ки пеши ҳамаи касофат ва бесаранҷомиҳои ба сари шумо омадагӣ худи ҳамон хушдоратон муаллима ва ошиқи вай Сафар мебошад.
Аз бахилӣ шуморо дида натавонист. «Сафар ба ҷанг раваду Мамараҷаб чаро аз хавфу хатар дар ин ҷо халос хӯрда мемондааст» – гуфта ба военкомат хабар додагӣ ҳам ҳар дуи ҳамонҳо. Набошад, дар як вақте ки саг соҳибашро намешиносад, киро ба кӣ кораш ҳаст?
Мамараҷаб хомӯш монда, ин гуфтаҳои фитнаангези амакашро дар фикри худ таҳлил мекард. Боз азму ихтиёри ноустувори ӯ ба ҳар кӯчаи каҷу килеб даромада мебаромад. Вақте ки ба гӯши Мамараҷаб номи Зебӣ ва Сафар расид, вай ба чунин хулоса омад, ки «Дар ҳақиқат мумкин аст неши касофат Сафар ё Зебӣ бошад. Чунки Сафар Зебиро, Зебӣ Сафарро дӯст медорад. Агар Зебӣ дуюмин бор ба вай кас мондани Мамараҷабро ба Сафар расонда бошад, вай аз ғазабу рашк ҳар кор кунад ҳам, кардагист, ба болои ин Сафару Зебӣ дар назди калоншавандаҳои қишлоқу колхоз аз Мамараҷаб дида иззату эътибори зиёд доранд, дар ҳар ҷо бо маҳмаддоноӣ росту дурӯғро маъқул ҳам карда метавонанд.

пешина
аз 333
навбатӣ