Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
осмоне, ки аз зери абрҳои пора – пора торафт мусаффо менамуд, нигоҳ карду:
– Ҳа, дуруст гуфтӣ, ба осмони Сталинобод монанд аст... На як осмонаш, инчунин заминаш, обу ҳавояш, додар... – гуфт ва боз ба Дадабой нигоҳ кард.
Дадабой бошад, чашмони ҳамин ҳоло ҳушёр кушода истодаи худро оҳиста пӯшиду хомӯш шуд...
БОБИ СИЮМ
Баъд аз панҷ шабу панҷ рӯзи дигари ҳуҷуми бузург боқимондаҳои артиши гитлерӣ, мисли деворе, ки аз сели сахт намкашида футур меравад, дигар дошт дода натавонистанд. Аз хонаҳои валангор, аз хандақу заминканҳо, таҳхонаю пастхамиҳо афсарон ва аскарҳои фашистӣ пайи ҳам даст ба ҳаво бардошта мебаромаданду ба кӣ таслим шуданро меҷустанд...
Тӯпу туфангпаррониҳо низ торафт хомӯш шуда, шаҳр оҳиста-оҳиста аз одам пур мешуд. Дар он маҳалҳое, ки аз душман тамоман тоза карда шуда буданд, сапёрон майдонҳо, хонаҳо, роҳравҳо, кӯчаҳоро аз мина тоза мекарданд, дастаҳои ғаниматҷамъкунанда силоҳу лавозимоти беҳисоби ба ҳар куҷо партофта рафтаи немисҳоро меғундоштанд, алоқачиён ба истгоҳҳои нави фармондеҳон сими телефон мегузаронданд, дастаҳои коргарӣ кӯчаҳои сангу хокзеркардаро тоза, роҳсозон чуқуриҳои аз таркиши гулулаву бомбаҳо бавуҷудомадаро муваққат таъмир мекарданд, ба ҷои кӯпрукҳои вайрона кӯпрукҳои нав месохтанд.
Ҳамин ки як роҳи шаҳр кушода шуд, дарҳол «хӯҷаинон»-и он – танзимгарони ҳаракат бо байрақчаҳои сурху зарди худ ба миёнҷои кӯчаҳо баромада, тартиботро идора менамуданд...
Рӯз аз нисф гузашта буд, ки дар шимоли шаҳр ҳам якбора гулдуроси тӯпҳо хомӯш гардид. Тӯдаҳои охирини аз таслимшавӣ саркашидаи қӯшунҳои гитлерӣ ҳам охир ба зону нишаста, мағлубияти худро эътироф карданд.
Сафар дар давоми ҳафт- ҳашт моҳ аввалин бор автоматашро дар хандақи сангар монда, бехавфу хатар озод аз ҷояш бархосту чангу хоки сарулибосашро афшонда, ба гирду пеш чашм давонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо