Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
ҷавоб наёфта, хандакунон гуфт:
– Ҳа, паст наоеде, муаллима!
– Саркор мегӯям, – гуфт акои Олим, ки ба назар марди наздик ба панҷоҳсола метофт ва ба мӯйлаби сиёҳаш якта – дута тори сафед афтода буд, – корвони чор-панҷ ароба тахмин кардаатон то аз қишлоқ баромадана даҳ – дувоздаҳ ароба мешудагӣ барин.
– Расми корвонкашӣ ҳамин аст-дия, додарам, – гуфт Юнусбобои пурдон. – Гап то ягон кас сари корвонро гирифта ба роҳ даромадан аст, он тарафаш то ба манзили қарордода расидан як шутур – панҷоҳ шутур мешавад...
Дар ҳақиқат корвони иборат аз чор-панҷ ароба, ки котиби ташкилоти ҳизбӣ Одил Саркор аз номи аъзоёни бригадаи худ ва коммунистони колхоз ба хазинаи Армияи Сурх ташкил доданро қарор дода буд, то қариби ними рӯз ба нӯҳ – даҳ ароба расид.
Ҳамин тавр, Одил Саркор ба сари корвон истода, бо тӯҳфаҳои колхоз ба роҳ даромад. Дар аробаи якум яке аз талабагони мактаби деҳа, ки дар тан либосҳои нав, дар гардан галстуки пионерӣ дошт ва ҳамроҳи ӯ боз як колхозчии миёнсоле байрақи сурхи колхозро баланд бардошта менишастанд. Байрақ дар болои сари Одил Саркор ва ҳамроҳони ӯ ҷилва мекард...
Вақте ки корвон акнун аз қишлоқ баромада буд, ба пеши чойхона як пирамарди тахминан шастсолаи тануманд ва бақувват, ки ба китфаш як барраи фарбеҳро бардошта ба обу арақ ғӯтида буд, саросема омад. Вай чашмонашро ба аробаи охирини корвон, ки аз деҳа берун мерафт, ҳаросон дӯхта, номи касеро гирифта, бо овози баланд ҷеғ зад.
– Хӯш, Бобонор, чӣ шуд, магар ба бозор фуромаданӣ будед? – пурсид Мирбадал, ки аз ҳама охир аз пеши чойхона гузашта мерафт.
– Аҷаб гап задед, – ҷавоб дод Бобонор ба Мирбадал норозиёна чашм партофта ва боз касеро ном гирифта ҷеғ заду баъд ба Мирбадал гуфт: – Ман дар чӣ ғаму шумо дар чӣ хаёл.
– Ман чӣ донам, аз саросема шуданатон гумон бурдам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё