Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кашида ором, вале шикоятомез чунин ҷавоб дод:
– Ҳаққи гапро гӯям, раис ва акои Саркор, дар баҳор аз плани ҳарсола як гектар ҳам кам накарда пахта коштему ана акнун, ба имрӯз омада, аз нарасидани одам дар ғунучинаш дастамон кӯтоҳӣ карда истодааст.
Акои Олим ва Одил Саркор аз ин ҷавоби беҷои Ҷамолиддин малул шуда, ба вай абрӯ дарҳам кашида ҳайрон чашм дӯхтанд. Дигарон ҳам ба тааҷҷуб омада буданд.
Баъд раис хашмгин шуда ба ӯ киноя кард:
– Мебинам, ки кор ба миёнат зӯр омадааст, Ҷамолиддин...
Ҷамолиддин суп-сурх шуд ва дарҳол чашмашро аз нигоҳи тези раису котиби ҳизбӣ гурезонда ба замин дӯхт.
– Зӯр наомадаасту, – сарашро поин андохта, нимғурма ҷавоб гардонд Ҷамолиддин, – аз ғами пахтаи дар замин хобида дилам сӯхта гап мезанам, раис!
Саркор пурсид:
– Имрӯз тамоми бригадаат чӣ қадар пахта чид?
– Якуним тонна.
Саркор ҳамон дам ба рӯйхати дар дасташ буда нигоҳ кард ва саволомез гуфт:
– Агар ҳиссаи ҳар як чинакчиро 35 – килоӣ ҳисоб кунем, бригадаат имрӯз аз меъёр ҳафтоду панҷ килограмм кам пахта чидааст, дидӣ?
– Худи адади пахтачин кам аст, Саркор, буду шудаш 45 кас – баҳонаҷӯёна гуфт Ҷамолиддин.
Раис аз сардори бригадаи дигар Салимамак, ки вай марди солхӯрдатари нигоҳҳояш ҳалимона буд ва аз паҳлӯи Ҷамолиддин канортар менишаст, пурсид:
– Усто Салим, шумо чанд нафар пахтачин доред?
– Чилу ду нафар, – ҷавоб дод ӯ чобукона аз ҷояш бархоста ва бо таклифи раис баргашта нишасту боз ҷавобан ба пурсиши дуюми ӯ гуфт: – Бо ҳамин чилу ду нафар имрӯз як тоннаю шашсаду ҳаштод килограмм пахта чидем.
Раису котиби ҳизбӣ ба сӯи Ҷамолиддин сарзанишомез сар ҷунбонданд. Одил Саркор ба вай таъна зада гуфт:

пешина
аз 333
навбатӣ