Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ба назди онҳо старшина Игнатев бо Йӯлчӣ омада ба чашмони гиряолуди онҳо бо изтироб нигоҳ карда пурсиданд:
– Чӣ шуд?
– Мурд... – гуфт Дадабой сарлуч, чашмони ашкҷӯшидаи худро бо пилоткааш панаҳ карда. Баробари шунидани ин калима Игнатев, Йӯлчӣ ва боз ду-се каси дигар, ки дар паси онҳо буданд, каллапӯшҳояшонро аз сар гирифта, якчанд сония хомӯш истоданд...
Баъд аз ёрмандиҳои дигар, панҷ ҳамроҳон аз бемористон баромаданд. Аз сар шудани парвози ҳавопаймоҳои фашистӣ ва ёрӣ расондан ба захмдорони бемористон қариб ду – дуним соат вақт гузашта, офтоб кайҳо ба ғуруб рафта буд. Аммо бегоҳии имрӯза аз ҳаррӯза ториктар, воҳиманоктар буду дар болои сари одамон дуди ғализи нафту қир мисли абри сиёҳ вазнин шино мекард. Танҳо аз шарқ ва шимолу ғарб шӯълаи нурафканҳои ин пардаи зулмотро шикофкарда, қариб ба ситораҳо расидан мехост...
БОБИ БИСТУ ЯКУМ
Панҷ рафиқи ҷангӣ боз борхалтаҳо дар пушт ба роҳи ҷабҳа баромада, аз кӯчаҳои бӯи сӯхтор ва чангу хок фарогирифтаи ин шаҳрчаи соҳили дарёи Волга хомӯш мерафтанд...
Шаб торик шуда буд, ки онҳо ба сероҳаи калони мошингард баромаданд. Дар миёнҷои сероҳа марди миёнсоли ришу мӯйлабнок, ки дар тан либоси аскарӣ, дар сари сина автомат, дар дасташ фонуси бо ранги сурху зард равшанидиҳанда дошт, ҳаракати нақлиётро идора карда меистод. Игнатев ба назди мард, ки онро танзимгар меномиданд, рафта пурсид:
– Ошно, кадом роҳ ба тарафи Сталинград мебарад?
– Худи шумо кистед? – гуфта мард бо фонуси дасташ қиёфаи Игнатевро равшан кард.
– Мо аз бемористон баромадем, ба қисми худ меравем, – ҷавоб дод Игнатев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё