Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳама ба тарафи Ҳодӣ – хаткашон рӯ гардонданд.
Якта – якта, сангпушт барин қадаммонии ҷирани лоғар ҳамаро бетоқат мекард. Махсусан Зебӣ худ ба худ «О, гашти аспи хаткашонро бинеду... То вай ин ҷо омадан офтоб заминро як чарх мезанад» гӯён бетоқат мешуд. Барои Зебӣ ҳам мактуби Сафар дар ин рӯзҳо аз ҳама чиз қиматтар ва азизтар буд. Модари Сафар метавонист ба ягон кас ҳасрат кунаду алами дилашро холӣ намояд, барои Зебӣ бошад, бо ягон кас дарду ҳасрат кардан мушкил буд, шарм мекард.
Юнусбобо ҳам аз қадаммонии аспи Ҳодикӯса дилтанг шуду бо чоруқи серямоқаш шип – шип пой монда ба пешвози хаткашон рафта, аз дуртар ба вай гуфт.
– Бо ин аэропланатон, худо накарда, ба ҳаҷ рафтанӣ шавед, дар роҳ ба шумо умри се кас ҳам кифоя намекунад, Ҳодибой.
– Шакар ба даҳанатон... Шумо напурсед, ман нагӯям... саркор. Ҷилавашро саҳл холӣ кунед, рост ба Қошғар мебарад... – гӯён Ҳодикӯса ба банди се-чор тугундори нӯхтаи асп ишора кард.
Онҳо хандакунон мулоқот каданд. Баъд Ҳодикӯса пахтазорро нишон дода гуфт:
– Саркор, буҷулатон олчӣ. План ҳам, худо хоҳад, бегап аз сад фоиз мегузарад.
– Охир ин падарраҳматҳоро намебинед, – ҷавоб дод Юнусбобо аъзоёни бригадаи худро нишон дода, ки аксарияташон занону панҷ-шаш одамони солхӯрда буда, ба таги бед дамгирии пешин баромада менишастанд. – Меҳнатдӯстҳо ҳар як ниҳолро кӯдак барин парвариш карда, шабу рӯз аз сараш онсӯтар намераванд.
– «Ранҷ бурдӣ – ганҷ бурдӣ» гуфтаанд... Кирои меҳнати кардаатон шудааст, шакар ба даҳанатон, офарин, саркор. – Таъриф кард Ҳодикӯса. – Дар камчинии дасти корӣ ҳамин қадар кардед, ҳукумат ҳам як чиз нагуфта намемонад...
Ҳодикӯса аз асп фуромаду ҳамроҳи Юнусбобо ба сӯи колхозчиён роҳ гирифт.
– Раис наменамоянд?
Юнусбобо ба сари кори дигар бригада рафтани раисро хабар доду Ҳодӣ – хаткашонро ба як пиёла чой даъваткард.

пешина
аз 333
навбатӣ