Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба баъзеашон розӣ шудаанд, ба баъзеашон розӣ нашудаанд.
– Ба киҳо розигӣ додаанд? – пурсид Зебӣ ва дар аснои ин саволро додан овози ӯ дигаргун шуда буд.
Сафар баъд аз ин савол дигар сирри худро пинҳон дошта натавонист ва ба хулосае омад, ки Зебӣ на аз он касон аст, ки Сафар аз ӯ мақсади худро пинҳон дорад ва дуюм ин ки пинҳон доштани ин сир аз рӯи муҳаббат ва самимияти ҳамдигарӣ нораво аст. Ва пеш аз ба саволи охирини Зебӣ ҷавоб додан ба назди миз омада аз байни дафтару китобҳояш коғазеро бароварда ба Зебӣ дароз кард ва гуфт:
– Мана ба ҳаминҳо барои ба хизмати аскарӣ рафтан розигӣ доданд.
Зебӣ сатрҳои аввали фармони шӯъбаи маорифи районро беизтироб аз назар гузаронд, аммо вақте ки ба чашмони ӯ номи Сафар афтод, баногоҳ дили ӯро чизе аз ҷояш ҷунбондагӣ барин шуд, аввал якбора ранги ӯ парид ва баъд рӯяш тасфида, мисли анор суп – сурх гардид. Ҳам ба аскарӣ рафтани Сафар ва ҳам дар ҷои ӯ ба вазифаи масъул – сарвари мактаб таъйин шудани Зебӣ якҷоя ба фикри ӯ намеғунҷиданд. Вай фармонро хонда шуда бошад ҳам, аз ӯ чашм наканда, дар дасташ нигоҳ медошт. Баъд аз фурсате Зебӣ коғазро ба Сафар дода гуфт:
– Чанд рӯз боз чашмам беҳуда намепаридааст...
– Чӣ, ин магар сабаби хафагии шумо шуд, Зебӣ?
– На хафагӣ ва на хурсандӣ, – ҷавоб дод Зебӣ нӯги як миллаи мӯяшро бофта.
– Ман бошам, аз ин хурсандам, – гуфт Сафар фармонро ба ҷузвадонаш гузошта. – Агар донистан хоҳед, аз рӯзҳои аввали ҷанг дар пайи ҳамин мақсад будам.
– Ман ҳам дар ҳамин гумон будам.
– Аз куҷо медонистед? – пурсид Сафар.
– Аз куҷо мешуд, аз нишасту хести шумо ва аз аризаи ба Комитети ноҳиявии комсомол ва Комиссариати ҳарбӣ навиштаатон пай бурда будам.
– Кадом ариза? – пурсид Сафар. – Ман-ку ҳеҷ як ариза ба шумо нишон надода будам?
– Шумо мақсадатонро аз ман пинҳон дошта бошед ҳам, вай кайҳо ба ман маълум буд.

пешина
аз 333
навбатӣ