Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳамин тавр ҳар ду якдигарро ба девори заминкан ба хок ҷӯлонда, талош мекарданд.
Охир Сафар тамоми қувваашро ба пои росташ дода, ба буҷули пои немис сахт зада буд, ки пои немис аз замин канда шуда, вай мисли дарахти решааш пӯсида ба замин афтод. Сафар ҳам худро ба болои ӯ партофта, дарҳол аз соқи мӯзааш ҳамон корди дудамаи садафдастаро, ки Юнусбобо дар вокзали Сталинобод ба ӯ ҳадя карда буд, гирифта, бо тамоми қувва ба паҳлӯи чапи немис зада, «Ин ба ҳисоби Юнусбобо» гӯён бо як ғуруре овоз баровард. Немис дар ҷояш се-чор бор ҷаҳида – ҷаҳида ҷон дод.
Сафар аз ҷояш хеста, саросема боз ба роҳ даромад.
Баъд аз ду-се қадам пеш рафтан, вай Степанро дид.
Стёпа бо ҳаяҷон Сафарро огоҳонид:
– Рафиқ сержант, тезтар тозед. Аз боло боз як гурӯҳ немисҳо зер карда омаданд.
– Ту дар ин ҷо чӣ кор карда гаштаӣ?
– Командири взвод фармуд, ки бачаҳо аз заминкани якум ба заминкани дуюм гузаранд. Дар чор тарафамон танки немисҳо.
Онҳо аз поёнтари роҳрав боз ба рост гашта, ба сӯи заминкани дуюм давиданд. Аз он ҷо ҷанговарон аз сангарҳо истода немисҳои ба заминкани якум даромадаро ба зери тири пулемёт, автомат ва туфанг мегирифтанд.
Фармон расид, ки немисҳо ҳар навъ карда аз заминкани якум зада бароварда шаванд.
Дере нагузашта автоматчиён ва пулемётчиёни нав, ки ба ёрмандӣ омада буданд, ба ҷанг даромаданд. Ба ҳар ҷанговар дутоӣ ва сетоӣ норинҷак низ дода шуд.
Баъд аз норинҷакпартоиҳо ва аз қафо бо миномёт пахш кардани нуқтаҳои тирандозии душман, взводи Харитонов боз ба заминкани якум гузашта, пас аз ҷанги сахти дастбагиребон немисҳоро аз он ҷо ба паси теппа пеш карданд.
Дере нагузашта немисҳо боз ҳамлаи худро такрор карданд. Ин сафар ба болои ҷанговарони шӯроӣ танк болои танк омада, аз чор тараф онҳоро ба зери оташи тӯпу пулемётҳои худ мегирифтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё