Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Як...ду... се... чор... панҷ...
Ҷанговар дигар шумуорро гум кард. Танку тӯпҳои худгард рӯи саҳроро мисоли пашшаҳое, ки ба табақчаи ширадор часпида бошанд, пур карданд.
...Ҷанг бевосита дар гарданаи теппа, дар сари роҳ ва дар рӯбарӯи ҳамон хонаи чӯбине, ки дар паҳлӯи рости ротаи Осмухин буд, мерафт. Аз қафои танкҳои зеркардаомада немисҳо мату аласт, бо овози аз димоғ барояндаи худ – «Ҳалт рус! Ҳалт болшевик!» гӯён медавиданд. Ҳамин ки ягон танк ё тӯпи худгарди онҳо аз тири тӯпҳои мо оташ гирифта, дигар аз ҷой намеҷунбиданд, аскарҳои гитлерӣ ҳам дигар пеш нарафта, аз паси ин танкҳо шинак мегирифтанду бетанаффус автомат холӣ мекарданд...
Лейтенант Осмухин дар як дасташ гӯшаки телефон, дар дасти дигараш дурбин аз ин вазъият сардоронро хабардор мекард.
– Немисҳо бо танку тӯпҳои бисёр ба мавқеи мудофиагоҳи мо рахна карда даромаданд. Ҳозир бо танкҳо мубориза мебарем. Ҷанговарон бо аскарҳои душман дар гарданаи теппа ҷанги дастбагиребон бурда истодаанд...
Дар гарданаи теппа як гурӯҳ немисҳо бо ҷанговарони взводи лейтенанти хурд Харитонов ба ҷанги дастбагиребон афтоданд...Дар он отделенияи Сафар ҳам иштирок мекард.
Аз ҳама аввал Степан, Дадабой ва баъд Нозир, Коробко аз сангарҳои худ ба пешвози аскарҳои ба теппа баромадаи немис давида, баъзеҳо бо найза, баъзеи дигар бо қундоқ ва бо автомат онҳоро зада ба замин мехобонданд. Дар як тараф немиси қаддароз аз гулӯи Сафар гирифта, ӯро ба қафо хобондан мехост, аммо Сафар ду дасташро аз миёни вай маҳкам гузаронда, бо зонуяш ба миёни ду пои ӯ мезад... Дар ҳамин вақт Коробко ба ёрии Сафар давида, бо қундоқи автоматаш ба сари немис сахт фуровард. Ҳамон замон аз зери мӯйҳои сурхчаи дар ин понздаҳ – бист рӯз шонанадидаи вай суп – сурх хун баромада, ба пешонаи ӯ ҷорӣ шуд. Немис сиёҳии чашмони худро якбора ба осмон кашиду дасти дар гулӯи Сафар будааш беихтиёр суст шуд ва тани чорпаҳлуи вай ба рӯи синаи Сафар афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё