Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте, ки сиёҳии якум ба паҳлӯи чап боз пештар мерафт, Мамараҷаб лаби поёни карахшбастаашро ба зери дандонҳои пешаш гирифта, мили автоматро ба ҳамон сиёҳӣ нигаронда кулангро зер кард.
Аз паси тири автомати ӯ аз пеш ҳам тир кушода шуд.Мамараҷаб аз сангараш баромаду хазида – хазида ба тарафи сангарии Степан рафт. Аз он ҷо сиёҳӣ боз наздиктар дида мешуд. Дар пеши чашми вай, дар бист
– биступанҷ метр пастӣ ду сиёҳӣ мехазид. Мамараҷаб якумин бор бо душмани сершумор танҳо як худаш рӯ ба рӯ шуда буд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки вай ба ҳаяҷон меафтод, нафасгириаш душвор мешуд, дилаш ғайриодат чунон беқарор мезад, ки ҳатто гуп-гупи онро худаш ҳам мешунид...
Хомӯшии беинтиҳо ва дар торикии ғафс танҳо дар теппа мондан ваҳмро зиёд мекард... Вале ин вазъият дер давом накард. Ҳамон лаҳзае, ки ду сиёҳии аз тарафи чапи теппа ҳаракаткунанда дар як ҷо истода монд, ба гӯши Мамараҷаб садои ғуҷур-ғуҷур гапзанӣ расид...
Вай як дам нафасашро ба дарун кашида, ин гапзаниро бодиққат шунидан мехост. Аммо гуп-гупи дили баҳаяҷономадаи вай аз назди гӯшҳояш дур намешуд ва дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ якчанд калима суханро базӯр шунида гирифт. Мамараҷаб баъд аз ҳамин боварии комил ҳосил кард, ки дар рӯ ба рӯи вай албатта одамони Гайр, одамоне, ки бо нияти сиёҳ омадаанд, истодаанд.
Аз паси ҳамин мулоҳиза дарҳол дасти Мамараҷаб ба норинҷак дароз шуд...Дастони ангуштонаш дароздарози камгӯшти вай ҳанӯз банди норинҷакро надошта, аз болои сар ва паҳлӯи вай се-чор тири ҳарранга шуввас зада гузаштанд. Мамараҷаб синаашро боз ҷафстар ба замин дода сарашро ба девори сангар панаҳ кард.
Ин тирҳои ҳарранга гумони ӯро боз бештар тасдиқ карданд. Дандонҳои ӯ ба ҳамдигар хӯрда ғиҷиррос мезаданд, ғазаб ҳокими тамоми азму ихтиёри вай гардид... Мамараҷаб дар ҳамин ҳолат якбора сарашро аз сангар боло бардошта, сахт ба пеш чашм дӯхту дасти рости норинҷак доштаашро ба ҳаво бардошта, баъд бо тамоми қувва дур ҳаво дод...

пешина
аз 333
навбатӣ