Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ба ваъдаҳои дар ин ҷо додаат вафо карданро фаромӯш кардӣ?.. Дугонаҳои ман ҳар бори аз ту мактуб гирифтанам бо пичингу киноя мепурсанд, ки Стёпа ба тарафи мо боз чӣ қадар наздик омадааст. Агар иҷозат медоданд, ҳозир худам ба даст аслиҳа гирифта, ба ҷабҳа мерафтам... Мо, одамони ақибгоҳ шабу рӯз барои шумо кор мекунему шумо бошед, аз ақибгардӣ шарм ҳам намекунед...» Дар охири мактуб чунин навиштааст ва ба зери он хат ҳам кашидааст: «Стёпа! Хоҳӣ, ки ояндаи ҳаёти моён хушу саодатманд бошад, ба гитлерчиёни лаънатӣ амон надеҳ...
Куш, ҳарчи бисёртар куш... Қир кун... Аз хокамон зада пеш кун... Умедворам, ки дар рӯзҳои нағз, дар соатҳои интизор бо гармони дӯстдоштаи худ суруди ғалабаро навохта меоӣ ва ин вафо ба ваъдаҳои якдигарамон мешавад...» Ана, шунидӣ?..
– Ҳа... ҳақиқатан ҳам духтари доно будааст.
– Доно ҳам гап-мӣ... Хайр, зинда бошем, ниқори худро аз душман меситонем... Чӣ гуфтӣ, Миша? (Мамараҷабро ҷанговарони рус Миша меномиданд).
– Албатта, агар омада монад, худи ҳамин шаб дандонҳояшро мешиканем, – гуфт Мамараҷаб, ки гапҳои Степан Шестакро шунида, боз дили ӯ ба ҷӯш меомад ва аз саргузаштҳои худ торафт бештар ба ғаш омада, худ худро коҳиш медод... Вай дар гирдоби ҳамин хаёлҳо фурӯ рафта буд, ки садои «шириққи» ӯро ба худ овард.
– Чӣ шуд? – пурсид бесаранҷомона Мамараҷаб.
– Қулфи автоматро санҷидам, – ҷавоб дод Степан.
– Ту ҳам ҷои автомат санҷиданро ёфтӣ.
– Мабодо кор накарда намонад гуфтам, ҷӯра.
– «Шарти» тир баромада равад, баъд чӣ мешуд? Як худат садҳо касони дар ақибамон бударо бесаришта мекардӣ.
Мамараҷаб аз ин таъкиди худ, ки камтар бо қаҳр баён мекард, мамнун мешуд. Вай якумин бор, мисли фармондеҳ, бо ин хел овози қатъӣ муомила мекард.
Пас аз ин ӯ дар фикраш чӣ гуна масъулият ҳис кардани худро фаҳмида, ба гирду пешаш бо диққати том назар афканд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё