Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Аз он теппаи зинамонанд саҳрои пасту баланд каф барин намудор шуда меистод. Аз тарафи рости теппа пайраҳае торафт каҷу килеб шуда ба гандумзори поён даромада мерафт, аз тарафи чап бошад, камтар замини ҳамвор ва баъд се-чор пастхамиҳое, ки рӯи онҳоро хасу хошоки хушк зер карда буд, ба чашм меафтоданд. Хомӯшии шабро ғайр аз садои тӯпҳое, ки аз дур шунида мешуд ва ба онҳо гӯш одат карда буд, инчунин чирроси мӯру малахҳо ва баъзан овози чуғзе вайрон мекард. Осмонро тез – тез ғур – ғури ба худ хоси ҳавопаймоҳои бомбаандози немисӣ фаро мегирифт. Дар ҷанубу шарқ, дар шарқ, шарқи шимолӣ ва дар ғарб, бо вуҷуди торикии шаб, уфуқ сурху сафедча метофт. Ҳанӯз рӯзона мегуфтанд, ки дар ғарб тамоми заминҳои гандумзор оташ зада шуданд, дар қафо бошад Калач, Абганерово ва боз якчанд истгоҳҳои роҳи оҳан ва маркази шаҳру ноҳияҳоро немисҳо бомбаборон кардаанд...
Дар ҳамин вазъият навбати дар посбонии саҳроӣ истодан ба Мамараҷаб ва Степан Шестак омада буд.
Сафар бо ҳамроҳии онҳо ба гарданаи теппа хомӯш хамида баромад. Дар ин ҷо Дадабой ва Аркадий Косенко дар посбонӣ меистоданд.
– Хомӯш, ман! – гуфт Сафар ба Дадабой, ки аз ҷои худ ҷунбида «Кист?» гуфт. – Чӣ гап?
– Хотирҷамъӣ, рафиқ сержант, – пичиррос зада ҷавоб дод Дадабой.
– Ягон чизро пай набурдед?
– Пашша ҳам пар назадааст.
– Хуб, постро ба инҳо супореду худатон аз қафои ман оед.
– Марҳамат, Мамадполвон, – гуфт боз шӯхӣ карда Дадабой. – чашмакатонро калонтар кушода меистед, уко, боз ягон кас аз почекатон қапида ба поён ҳаво надиҳад, ҷӯраҷон!
– Гапро бисёр накарда, тезтар гузар! – гуфт Мамараҷаб ва ба сангари то зону кофташуда даромад. Степан ҳам ба сангаре, ки аз вай се-чор метр дуртар буд, рафта фуромад.
Сафар вазифаҳои ҳар дуи онҳоро такроран фаҳмонда дод ва аломати ишоратро ҳам гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё