Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Акнун ғур – ғури ҳавопаймоҳо баландтар шунида мешуд. Fайр аз ин, аз куҷое ғиҷир – ғиҷири чархи вайронаи ароба ва бо қаҳр дашномдиҳии касе низ ба гӯш мерасид.
Ҳавопаймоҳои вазнини бомбаандози немисҳо, ки дар зери ҳимояи қиркунандагон парвоз мекарданд, бо ғулғулаи худ осмонро пур карда, ба болои мавқеи ротаи лейтенант Осмухин расиданд. Ин сафар ҳавопаймоҳо аз ҳарвақта пасттар ва бо суръати сусттар парвоз мекарданд.
Ҳамин, ки ҳавопаймоҳои бомбаандоз аз болои мавқеи рота хеле дуртар гузашта рафтанд, яке аз он ду «Мессершмидт»-и қиркунанда, ки гоҳ аз пеш, гоҳ аз қафо парвоз мекарданд, аз роҳи худ баргашта якбора сарозер омада, майдону роҳҳоро аз пулемёти худ тирборон кардан гирифт. Ҳавопаймо чунон ба замин наздик мепарид, ки сарнишини он равшан дида мешуд.
Ҳар бори як қатор тир андохта гузаштан сарнишин сарпӯши кабинаи худро кушода, сар бароварда ба қафояш нигоҳ мекард. Ҳамин тавр, вай се-чор бор сарозер омада, баъд боз аз қафои шарикони худ шитобон рафт.
Баъди аз чашм ғоиб шудани қиркунанда, ҷанговарон аз паноҳгоҳҳо пайи ҳам дигар берун баромаданд ва зуд аз ҳамдигар ҳолпурсӣ карданд. Ҳама зинда ва беосеб будани худро мегуфтанд. Аммо баногоҳ касе аз дур чунон фарёд бардошт, ки гӯшу чашми ҳама баробар ба он сӯ дӯхта шуд.
Дар сари роҳи калоне, ки аз паҳлӯи чапи мудофиагоҳи рота мегузашт, як марди кулӯтариши синабараҳнаи сарлуч ришу мӯйҳояшро харошида – харошида гоҳ ба замин меафтод ва гоҳ бархоста ба чор тараф даст ёзонда ёрмандӣ металабид.
Сафар бо ҷанговаронаш ба он сӯ давид. Каме дуртар аз он ҷои исти мардак, дар қарибии ҷӯйбор аробаи чорчархае меистод, ки дар болояш лақу – луқҳои бисёре бор карда шуда буд. Дар пеши он як писараки нӯҳ – даҳсола нӯги лаҷоми аспро маҳкам дошта рӯ ба замин наҷунбида мехобид.
Яке аз ҷанговарон писаракро зуд аз ҷояш бардошта рӯболо хобонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё