Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Модараш ба гардани ӯ часпида ашки шодӣ, ашки пазмонӣ рехта, дере дар гирди сари ӯ парвона барин чарх мезад. Боз... боз... чӣ хаёлҳое ки аз пеши назари вай намегузаштанд... Лекин, садои якбора хомӯшшудаи думбра ва суруд ҳамон замон фикри Сафарро ҳам аз ин сайругаштҳо боздошт. Вай худ ба худ табассуме карду ба гирду атрофаш назар андохта, ба заминкан даромад.
Дар блиндаж Нозир, Мамараҷаб, Дадабой, Степан Шестак ном ҷанговари сибирӣ ва Аркадий Косенко ном ҷанговари украинӣ зич ба ҳамдигар ҷафс менишастанд. Баробари намоён шудани Сафар ҳама аз ҷояшон ҷунбида, илоҷи бархоста берун баромадан меҷустанд.
Сафар аз даромад нигоҳ карда – «Эҳе... қариб ҳамаи отделения дар ҳамин ҷо-ку» гӯён, ҷанговаронро таклифи нишастан карда худашро берунтар гирифт.
Аскарҳо як-як баромада, камтар дилхушӣ кардани худро гуфтанд. Сафар ҳам ин кори онҳоро маъқул шуморида ба Нозир таҳсин хонд:
– Бале, камаровӣ!
– Гоҳ ғамзаю усул, гоҳ худою расул, рафиқ сержант,
– ҷавоб дод Нозир.
– Нағз, бисёр нағз кардӣ, камаровӣ. Боз кӣ медонад, ки ин ғамзаю усулҳо кай мешуда бошад, – гуфт Сафар ба Нозир шарҳи ин суханро фаҳмонда.
– Боз пагоҳ – бегоҳ нағораи ҷанг баланд мешудагӣ барин...
Сафар ин суханро гуфту чашмаш ба уфуқ афтод.
Офтоб сурхчатоб шуда ба сӯи ғарб фурӯ мерафт.
...Дар рӯи ҳамон уфуқи оташвор хол – хол нуқтаҳои сиёҳ пайдо мешуданд ва онҳо ба назар торафт калонтар менамуданд. Сафар як дам нафас ба дарун кашида, хомӯш монд. Ҷанговароне, ки дар пеши ӯ буданд, мисли вай ба ҳамон сӯ нигоҳ карданд.
Диққати онҳоро овози фавқулода баланди кадом як кас, ки аз парвози ҳавопаймоҳои фашистӣ хабар медод, бурид. Ҳама яроқу аслиҳаҳои дар сангарҳо ва майдончаҳо истодаро ба камарҳои заминкан ва сангарҳо руст карда, худашон ҳам пинҳон шуданд. Дар як дам атрофро хомӯшӣ фаро гирифт.

пешина
аз 333
навбатӣ