Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар заминкан сержант Сафар Одинаев ва Нозири камаровӣ дар рӯшноии пилтасӯзе, ки аз қуттии консерв сохта буданд, кадом як маҷаллаи кӯҳнаро аз назар мегузаронданд.
Полковник Люников аз паҳлӯи онҳо ба суфачаи заминкан нишаст. Дигарҳо ҳам ба ҳамдигар ҷафс нишастанд.
– Ҳамин тавр... – гуфт полковник ишорачӯби дар дасташ бударо аз миёни ду пояш ба замин зада – зада ва гоҳ ба Нозир, гоҳ ба Сафар чашм медӯхт – Ҳамин тавр, аввалин бор бӯи борутро ҳам шамидед?
– Шамидем, рафиқ полковник, – ҷавоб дод Сафар.
– Чӣ хел, хеле талх аст? – боз пурсид полковник аз Нозир.
– Ба ҳар ҳол ширинӣ надорад, рафиқ полковник, – гуфт Нозир табассумкунон. Полковник ҳам бо мамнунӣ хандида-хандида ба сухан давом кард:
– Ширинии вай дар дигар чиз аст, – ҳама ба полковник саволомез нигоҳ карданд. – Оё ҳис намекунед, ки пас аз ин қадар талхии бӯи борут муваффақияти ҷангии мо чӣ қадар ҳисси ширин мебахшад?
Ин ҷавоби ӯ ба лабони ҳозирон низ табассуми мамнуният эҳдо кард ва ин табассум тасдиқи хулосаи полковник буд.
– Хӯш, майор Максимов, аз рафиқони нав розӣ ҳастед?
– Аз ҷону дил, рафиқ полковник. – Дар рӯи лоғари майор хурсандӣ ҳувайдо буд.
Пас аз сӯҳбат, полковник Людников, майор Максимов, лейтенант Осмухин аз заминкан берун баромаданд.
Борон монда, абрҳои ғафси пора – пора ба ҳар сӯ титу пароканда мешуданд. Аз байни абрпораҳо ситораҳо медурахшиданд. Аз чакалакзор бӯи баҳор – бӯи дарахтони нав муғҷакушода, сабзаҳои аз қабати замин сарбардошта ба димоғ мерасид.
Полковник дар пеши заминкан як дам ба осмон нигоҳ карду рост истоду баъд чуқур нафас кашида гуфт:
– Чӣ андоза табиати дилкушо... гӯё ки ситораҳо ҳам ба таҳсини ҷанги имрӯзаи мо ин қадар равшан медурахшанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё