Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мамараҷаб, мурдӣ! Ба паҳлӯят нигоҳ кун! – гӯён бо ҳаяҷон фарёд кард Дадабой. То ба худ омадани Мамараҷаб немис ба вай ҷафс шуду аз гиребони ӯ маҳкам дошта, дудамаро аввал як ба ҳаво бардошт ва акнун ба паси гардани ӯ заданӣ буд, ки дар ин асно аз куҷо Сафар ҳозир шуд. Вай дасти немисро маҳкам дошта, ҳамон замон сахт ба ақиб кашид. Дасти немис ба қафо тоб хӯрда буд, ки корд аз дасташ афтод. Аз ин фурсатро фоида бурда, Мамараҷаб ба синаи ӯ найза халонд. Немис ҷо ба ҷо ҷон дод. Баъд Мамараҷаб корди дудамаи ӯро аз замин гирифта ба соқи мӯзааш халонду ба пеш давид.
Ҷанги рӯ ба рӯ то ними чакалакзор рафта буд, ки немисҳои дар пештар буда дигар ба зарбаи ногаҳонӣ тоб наоварда, қафонокӣ гурехтанд. Ротаи Осмухин ва дигар ротаҳои ҳамсоя то охири чакалакзор мавқеи немисҳоро ишғол карда, пеш рафтанд.
Ҳангоме, ки отделенияи Сафар заминкани охирини немисҳоро аз аскарҳои боқимонда тоза мекард, аз чап овози Нозир шунида шуд. Бо фармоиши Сафар Мамараҷаб ба он сӯ давид. Вай бист – сӣ қадам давида буд, ки аз як заминкани немисӣ боз садои Нозир баромад.
Мамараҷаб давида ба он ҷо даромад.
Дар заминкани чоркунҷаи қариб як қади одам кандашуда, ки дар он ҷо немисҳо ҳамаи асбоби зиндагии худро партофта гурехта буданд, Нозир ба болои сари кадом як кас дузону менишаст...
– Сержант канӣ? – пурсид Нозир.
– Чӣ гап?
– Зуд сержант ё лейтенантро фарёд кун. Дар ин ҷо як солдати хунолуди мо хобидааст.
Мамараҷаб баргашта рафтанӣ буд, ки ба заминкан лейтенант Осмухин, роҳбари сиёсии рота Ванюшин ва сержант Сафар Одинаев омаданд.
Осмухин дар торикӣ чеҳраи аскари дар заминкан беҳаракат хобидаро дуруст дида натавонист.
– Ба роҳрав бароред, – гуфт Осмухин.
Нозир ва Мамараҷаб ҷанговарро бардоштаба роҳрав бароварданд. Дар пеши чашми ҳозирон ҷавонмарде мехобид, ки сарулибосаш лахт – лахт, хунолуд, пойбараҳна буд ва чашмонашро нимпӯш карда базӯр менолид.

пешина
аз 333
навбатӣ