ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар қалъаҳову қозихонаҳо гардед. Дар кӯчаву бозорҳо ба гапи мардум гӯш диҳед. Бинеду санҷед. Аз амалдорон касе ба халқ ҷабр кунад, ситам расонад, ришва гирад, номашро нависед. Баъд оварда ба ман медиҳед».
Он се нафар мирзо ангушти қабул ба чашм гузоштанду рафтанд ба вилоятҳо, гаштанд дар музофотҳо. Диданд, тафтиш карданд, навиштанд, оварданд, ба дасти хон доданд.
Хон дар танҳоӣ, дар ҷои хилват аз чашми бегона нишасту хонд он маълумотро – навад дар сади мансабдорон золим ва ришвахӯр ва фиребгар. Ҳамааш бо санад, бо ҳуҷҷат собит шудааст. Бо вазиру раису қозӣ ба машварат нишаст, рӯи сирро кушод, ки «тадбир чист?» Онҳо ба шӯр омаданд:
«Сирф тӯҳмат аст. Худи ин мирзоҳо одамони ҳалол нестанд.
Дину диёнатро фаромӯш кардаанд. Касе, ки ришва додааст, хуб навиштаанд. Касе ришва надодааст, бад навиштаанд.
Ҳеҷ мумкин нест, ки дар овони адолату саховати Шумо барин хони Ҳотаму Нӯшервонсифат, дар мамлакат ин қадар беку қозии бадхӯю баднафс пайдо шуда бошад. Ин кӯрнамакон, ба ҳукми нафси худашон, ғуломони содиқи дарборро бадном кардан мехоҳанд. Инҳо мехоҳанд, ки ба девори салтанати Ҷаноби Олӣ рахна зананд. Ғуломони сарсупурдаро душмани ҷанобашон бикунанд».
«Хони адолатпараст» дигар пурсиш накард. Фармон дод: «Ин се мирзои хоинро баред. Гӯшу биниашонро буред». Ва он даҳ дар сади амалдоронро, ки дар ҳисоботи мирзоҳо сифати неку кори ҳалол доштанд, аз мансабҳо сабукдӯш намуд, ки хиёнатшариканд…
Дар ин қитъаи замин чӣ бисёр, амиру хону мир бисёр.
Дар байни инҳо, ба меъёри худашон, бонуфуз ва боэътибораш аморати Бухоро. Ба меъёри ҷаҳонӣ андоза бикунем, давлат номидани аморати Бухоро як истилоҳи шартист. Ба ном гӯё давлатест, аммо дар воқеъ ҳар як вилоят даъвои яккаҳукмронӣ дорад. Ҳар кадомеро дар сар дағдағаи мустақилӣ. Ҳарчанд ки ба Амир боҷу хироҷ медиҳанд, дар замири дил Амиру Вазирро ба як пули пучак намегиранд ва маврид ёбанд аз итоат мебароянд; ва шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки дар ин аморат ҷангу ҷанҷоли оилавӣ ва қабилавӣ ва маҳаллавӣ ва вилоётӣ, қариб бетанаффус давом дорад – ҳокими Шаҳрисабз ба марзи ҳокими Самарқанд ҳуҷум мекунад, мири Хатлон ба сари мири Ҳисор теғ мекашад, беки Дарвоз бекигарии Раштро тобеъ кардан мехоҳад; беки Масчо ба беки Фалғар хусумат дорад, беки Моғиён беки Киштутро душман медонад, ва ҳокими Бойсун ба муқобили худи Амир лашкар мекашад, ва Амир ба хоки хонигарии Қӯқанд даромада ба талаву тороҷ даст мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё